«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад

Март 8, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд. Дар ин раванд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дар асоси он барномаҳои гуногуни соҳавӣ қабул шуда, мавриди амал қарор доранд.

Барномаву стратегияҳо ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нав, ташкили ҷойи нави кор, афзун намудани ҳаҷму сифати маҳсулоти ватанӣ, таъмини рақобатнокии он равона шуда, барои гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузоранд.

Махсусан, «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ба гузариши босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, рақобатпазир гардидани он, некуаҳволии сокинон ва рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиёт равона гашта, дар иҷрои он сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ҳукумати мамлакат дар шароити имрӯза Барномаи нави саноатикунонии босуръати ҷумҳуриро барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва мавриди амал қарор додааст.

Комёбиҳои назарраси се ҳадафи стратегии амалкунанда барои татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ заминаҳои устувор гузоштанд. Дар натиҷа, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт, пас дар 7 соли охир (солҳои 2019-2025) ин нишондиҳанда ба беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор расидааст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 чунин иброз доштанд: «Аз ҷумла, соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд. Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯй маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шуд. Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ андешида имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод».

Тибқи иттилои Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 972 корхонаи саноатӣ бо 92 ҳазору 927 ҷойи кор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ  198 корхона зиёд мебошад. Дар ин давра дар қаламрави ҷумҳурӣ 396 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 13 ҳазору 113 ҷойи кор сохта, ба истифода дода шуд. Аз ин шумора дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 54 корхона бо 157 ҷойи кор, вилояти Суғд- 144 корхона бо 847 ҷойи кор, вилояти Хатлон- 85 корхона бо 700 ҷойи кор, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 50 корхона бо 290 ҷойи кор ва дар шаҳри Душанбе 63 корхона бо 428 ҷойи кор ифтитоҳ гардида, аз ҳисоби корхонаҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 198,75 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Вале ин нишондиҳандаҳо бо назардошти захираву имконияти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидори истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, энергияи «сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо, яъне саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузоронро барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойи нави кор ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда муваззаф намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ташаккул додани саноати миллии рушдёфтаву рақобатпазир ва дар асоси он ба сатҳу сифати нав баровардани иқтисоди миллӣ ва некуаҳволии сокинони мамлакат мебошад.

Ин ҳадаф дар коҳиш додани вобастагии мамлакат аз воридоти маҳсулоти эҳтиёҷоти аввал, таъмини соҳаҳои гуногун бо таҷҳизоти муосир, тақвияти иқтидори содиротӣ ва таъмини гуногунсамтии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Зеро ҳамасола маҳсулоти тайёри металлургияи сиёҳ ва ранга, нуриҳои минералӣ ва техникаи кишоварзӣ, маводи сӯзишвориву молиданӣ, автобусҳо ва автомобилҳо, техникаи маишӣ, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва ғайра дар ҳаҷми зиёд ба мамлакат ворид мешаванд. Бинобар ин, ба андешаи коршиносони ватанӣ, бояд ба маҳсулоти ватанӣ афзалият дода, фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшем. Илова бар ин, андешидани тадбирҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин омода намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот ва тақвияти иқтидори технологии соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар доираи татбиқи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ то соли 2030 дар назар аст, ки ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба сатҳи 30 фоиз ва вазъи қиёсии соҳаҳои коркард дар сохтори саноат аз нишондиҳандаи ниҳоии сатҳи байналмилалӣ ба сатҳи 75,5 фоиз расонида мешавад.

Тибқи дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имконият рушди воқеии солонаи соҳаро давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд.

Хуллас, ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати саноатикунонии босуръат ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷумҳуриамон мавқеи худро дар арзёбиҳои байналмилалӣ аз рӯи сатҳи саноатикунонӣ тағйир дода, ба гурӯҳи давлатҳои дорои саноати рушдкунанда ва тараққикарда ворид гардад.

Қутбиддин МУҚИМОВ,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Март 8, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд