ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид

Март 29, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат  дар вилояти Суғд гармхонаҳо ва коргоҳи коркарди хуч таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти босамар доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гармхонаҳо дар 540 метри мураббаъ бунёд гардида, дар онҳо беш аз 50 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҷангалӣ ва ороишӣ парвариш меёбанд. Ин иқдом ба рушди соҳаи ҷангалпарварӣ ва таъмини ниҳолҳои зарурӣ барои минтақаҳои гуногуни мамлакат мусоидат менамояд.

Инчунин коргоҳи истеҳсоли нӯшобаҳои табиӣ аз хуч, зирк ва зардолу фаъолият дорад, ки истеҳсоли чунин маҳсулоти табиӣ метавонад ба рушди истеҳсолоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки ҷангал ба таъмини захира ва бехатарии ғизо таъсири калон мерасонад. Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва аҳолӣ аз ҷангалҳои мамлакат ҳар сол писта, хуч, ангат, чормағз, бодом, зира ва дигар маҳсулот ҷамъоварӣ менамоянд. Аз он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал фоида мебинанд.

Маҳсулоти ҷангал аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштаъм ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Март 29, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд