Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 26.03.2026./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии «Bharat Electricity Summit 2026», ки дар Ҳиндустон баргузор гардид, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири манбаъҳои нав ва барқароршавандаи энергияи Ҳиндустон Пралҳад Ҷошӣ мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкории энергетикиро байни ду давлат мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон мусоҳибон оид ба масоили марбут ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Далер Ҷумъа иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, дар баробари ин, бо мақсади гуногунсозии тавозуни энергетикӣ рушди энергияи офтобиро фаъолона пеш мебарад.
Пралҳад Ҷошӣ ба дастовардҳои Ҳиндустон дар самти гузариш ба энергетикаи устувор ишора намуд. Ҳамчунин, ҷониби Ҳиндустон Тоҷикистонро барои ҳамроҳ шудан ба ташаббуси байналмилалии «International Solar Alliance» даъват кард.
Дар ҷараёни мулоқот ба татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», ки ба содироти неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд






