«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд

Март 5, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ба ифтихори Рӯзи Модар таҳти унвони «Туҳфа ба Модар» иқдоми ҷумҳуриявӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар доираи иқдоми мазкур сарбозоне, ки муддати зиёд ба рухсатии хизматӣ нарафтаанду бо сарбаландӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати ҳарбиро иҷро менамоянд, ба таври ногаҳонӣ бо туҳфаю дастовез бо роҳбаладии масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба назди модаронашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат равон гардиданд.

Дар доираи иқдом ба сарбозон аз ҷониби сохторҳои низомие, ки дар он ҷо ифои хизмати ҳарбӣ доранд, ба муҳлати 7 шабонарӯз рухсатии хизматӣ дода шуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз равона гардидани сарбозон ба хона бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба эҳтирому қадршиносии модар ва хизмати содиқона ба Ватан даъват намуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад