«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «10 рӯзи илм» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик силсилачорабиниҳои илмӣ оғоз ёфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи «10 рӯзи илм» дар агентӣ баргузории конференсияҳои илмии миллӣ ва байналмилалӣ бо иштироки мутахассисону коршиносон ва шарикони рушд аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Иштирокчиёни ҳамоиш нақши илмро дар таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори давлат ва таҳкими иқтидори илмӣ-техникии давлат, хусусан дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Баргузории «10 рӯзи илм» ҳамчун минбари муҳими муколамаи илмӣ, мубодилаи таҷриба, баррасии таҳдидҳои муосир ва таҳияи тадбирҳои амалӣ барои такмили фаъолияти минбаъда дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба зарурати рушди илми амалӣ, дастгирии олимони ҷавон, густариши ҳамкории байналмилалии илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо баргузории ташаббуси «10 рӯзи илм» дар рушди илм, инноватсия, ҳамкории байналмилалӣ, инчунин таҳкими нақши ҷомеаи илмӣ дар ҳалли масъалаҳои мубраме, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, саҳм мегузорад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид
Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид






