«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивал бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 31 март то 5 апрели соли 2026 баргузор мегардад.
Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон бо иштироки 120 ҷавони фаъолу боистеъдоди мамлакат баргузор гардида, дар доираи он барномаҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, илмию амалӣ, омӯзишӣ, конфронс ва саёҳат ба мавзеъҳои фарҳангӣ дар назар аст.
31 март иштирокчиёни фестивал бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент шинос шуда, дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намуданд.
Фестивал бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии миллати тоҷик, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот, эҳёи анъанаҳои миллӣ, хусусан дар ҷашни Наврӯз баргузор карда мешавад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шаҳомату ҷалоли бештар мегирад. Яке аз фазилатҳои барҷастаи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамдилию сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург мебошад. Бо ин мақсад ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сар то сари мамлакат бо иштироки ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун- фестивалу ҳамоиш ва бозиҳои миллии варзишӣ доир мегарданд.
Наврӯз на танҳо ҷашни мавсимӣ, балки падидаи муҳими фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар байни халқҳои ҳавзаи тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ ва ҷаҳон мебошад, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад. Давоми асрҳо ин ҷашн ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумон хизмат кардааст. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз бо анъанаҳои зебо, ойинҳои қадимӣ ва расму ойини пурмазмун таҷлил мегардад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад






