Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Озарбойҷон- шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти унвони «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» шоми фарҳангӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро тарроҳони боистеъдоди тоҷик бо намоиши коллексияҳои «Чакан», «Нури Бадахшон» ва «Навои Хуросон», ки тараннумгари ҳунару маҳорати баланди мероси фарҳангу ҳунари миллии тоҷикон мебошанд, муаррифӣ намуданд.
Сафири Тоҷикистон иброз намуд, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун мероси ғании маънавӣ ва фарҳангии миллатҳо мардуми дӯсту бародари тоҷику озарӣ ва дигар кишварҳои ҳамсояро муттаҳид месозад. Ҷашни Наврӯз рамзи оғози баҳор ва эҳёи табиат буда, мардумро ба ҳамдиливу созандагӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят менамояд.
Дар чорабинии фарҳангӣ меҳмонон аз намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти расмӣ ва вазорату идораҳои гуногуни кишвари иқомат, вакилони Маҷлиси миллӣ ва аҳли зиё, ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Озарбойҷон таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.
Ҳамзамон барои меҳмонон суфраи наврӯзӣ иборат аз ҳафтсин ва ҳафтшин ороста шуда, суруду таронаҳои дилнишини санъаткорони маъруфи тоҷик ва озарӣ табъи ҳозиринро шод намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон























Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






