Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синзяни Чин созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 13, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи нави ҳамкорӣ ба муҳлати 5 сол ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабар доданд, намояндагони ин донишгоҳҳо дар Душанбе зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкории илмӣ ва таълимиро баррасӣ намуданд.

Дар доираи созишномаи нави ҳамкорӣ ҳамасола то 50 нафар омӯзгорони забони чинӣ барои иштирок дар барномаҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ба Ҷумҳурии Мардумии Чин равона карда мешаванд.

Дар ҷараёнӣ вохӯрӣ ташаббусҳои маорифпарваронаи роҳбарияти Тоҷикистону Чин ёдоварӣ гардида, масъалаҳои рушди маориф, омӯзиши муосири забонҳои хориҷӣ, табодули таҷриба, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ин ҳамкорӣ қадами муҳим дар таҳкими иқтидори кадрӣ ва рушди равандҳои байналмилалисозии таҳсилоти олӣ мебошад.

Дар фарҷом ба ҳайати меҳмонон китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба забони чинӣ тарҷума шудааст, тақдим гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Апрель 13, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд