БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 октябр то 13 ноябр пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар Бозиҳои 4-уми олимпии наврасонро мизбонӣ мекунад.
Ин нахустин маротиба аст, ки бозиҳои олимпӣ дар давлати африқоӣ мегузаранд. Қарор буд, ки бозиҳои олимпии наврасон соли 2022 доир гарданд, вале бо сабаби пандемияи коронавирус он ба соли 2026 гузаронида шуд.
Ба барномаи бозиҳо 25 намуди варзиш ворид гардида, дар мусобиқот қариб 3000 варзишгари то 17-сола иштирок мекунанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, имсол тартиби интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии наврасон фарқ мекунад. Агар қаблан варзишгарон роҳхат мегирифтанд, ҳоло Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул кард, ки иштирокчиёни Бозиҳои олимпии наврасонро федератсияҳои байналмилалӣ дар асоси раддабандии ҷаҳонӣ интихоб намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид






