CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд

Апрель 9, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол зери роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дуюмин пирӯзии пайиҳами худро дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Узбекистон идома дорад, ба даст овард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар даври дуюм дастаи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуд.

Дар даври навбатӣ, 11 апрел дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамтоён аз Афғонистон бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози мусобиқа наврасони Тоҷикистон бар Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба карданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 9, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт