ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад

Апрель 12, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 11 октябри соли 2026 дар шаҳри Боку Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мусобиқа таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ҷудо доир шуда, беҳтарин паҳлавонони ҷаҳонро ҷамъ меорад.

Тибқи маълумоти созмондиҳандагон, сабқатҳои инфиродӣ аз 4 то 10 октябр баргузор гардида, 11 октябр рақобатҳои дастаҳои омехта доир мешаванд. Варзишгарон дар вазнҳои гуногун барои ба даст овардани медалҳои чемпионати ҷаҳон ва холҳои муҳими рейтинги байналмилалӣ мубориза мебаранд.

Чемпионати ҷаҳон-2026 дорои аҳамияти махсус буда, яке аз мусобиқаҳои муҳими давраи нави олимпӣ маҳсуб мешавад. Натиҷаҳои он ба ҷойгиршавии паҳлавонон дар рейтинги ҷаҳонӣ таъсир расонида, дар ҷамъоварии холҳо барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии тобистонаи 2028 мусоидат мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 12, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид