ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгардухтари шинохтаи тоҷик Миҷгона Самадова дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон идома дорад, бо рақобатҳои ҷолиб ва нерусанҷии қавӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Дар рӯзи нуҳуми мусобиқа рақобатҳои марҳилаи нимниҳоӣ баргузор шуданд. Дар ин марҳилаи мусобиқа аз Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг ва Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг иштирок намуданд.
Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Тайланд Пунрави Руэнрос неру санҷид. Дар ин рақобат Миҷгона давоми се раунд ба муқобили Руэнрос ба таври арзанда сабқат карда, бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб шуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид. Барои Миҷгона Самадова ин дуюмин медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё мебошад. Қаблан, Миҷгона Самадова дар Чемпионати Осиёи соли 2021 дар шаҳри Дубай медали биринҷӣ гирифта буд.
Ҳамчунин муштзани дигари тоҷик Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Некрӯз Салимов дар марҳилаи нимниҳоии чемпионат бо намояндаи Урдун Ҳусейн Ишаиш рақобат намуд. Некрӯз Салимов бо зарбаҳои ҳадафрас се раунд ба муқобили муштзани урдунӣ рақобат кард ва дар охир бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 Хусейн Ишаиш пирӯз дониста шуд. Муштзани тоҷик ҳамин тавр медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард, ки барояш нахустин медали биринҷии Чемпионати Осиё мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс 30 март дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон оғоз шуда, то 10 апрел идома меёбад. Дар мусобиқа намояндагони 25 давлати ҷаҳон ва 230 муштзан иштирок доранд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор мешавад.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






