Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Дар конференсия дастовардҳои илмии муҳаққиқон ва масъалаҳои мубрами илми фалсафа, фарҳанг ва сиёсатшиносӣ дар шароити ҷаҳони муосир баррасӣ гардиданд.
Аз ҷониби олимон дар мавзуъҳои «Нақши забони осори бузургон дар ҳувияти миллии тоҷикон», «Худшиносии миллӣ- ҳамчун унсури муҳими ҳувияти миллӣ дар таълимоти Ҷалолиддини Румӣ», «Бозтоби арзишҳои ориёӣ-тоҷикӣ дар тамаддуни исломӣ» ва «Муносибати байниҳамдигарии фалсафа ва дин дар фарҳанги тоҷик» маърузаҳо пешниҳод гардида, забон ҳамчун пояи асосии худшиносии миллӣ арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ барои густариши тафаккури илмӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва таҳкими робитаи илм бо ҷомеа аҳамияти муҳим доранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид
Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид






