Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 7 апрел дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд, иштирокчиёни конференсия нақши Истиқлолияти давлатӣ ва рушди заминаҳои ҳуқуқиро дар пешрафти давлат муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки дар шароити муосири ҷаҳонӣ ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа ба шумор мераванд.
Гуфта шуд, ки дастовардҳои даврони Истиқлолият барои рушди устувори низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Дар ин замина таҳқиқоти илмӣ ва мубодилаи афкор байни мутахассисон барои пешрафти минбаъдаи илми ҳуқуқшиносӣ аҳамияти хосса доранд.
Зимни муҳокимаҳо ба масъалаи рушди кадрҳои илмӣ ва тарбияи насли ҷавони ҳуқуқшинос диққати махсус дода шуд. Иштирокчиён таъкид карданд, ки дастгирии олимони ҷавон, фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва ҷалби онҳо ба лоиҳаҳои илмӣ метавонад ба рушди устувори илми ҳуқуқшиносӣ ва такмили низоми давлатдорӣ дар мамлакат мусоидат намояд.
Иштирокчиён дар ҷараёни конференсия дар мавзуъҳои «Ташаккул ва рушди қонунгузории сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Баъзе масоили ҳуқуқии таҳкими давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рушди қонунгузорӣ дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Таърихнигории системаи ҳифзи ҳуқуқ- заминаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони ҳифзи ҳуқуқ» ва ғайра маъруза намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






