Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гӯшаи китоби Покистон» ба истифода дода шуд

Апрель 29, 2026 16:07

ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаҳои китоби 19 давлати дунё таъсис дода шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд бо таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии ин давлатҳо шинос шаванд. Чунин иброз дошт директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода зимни маросими ифтитоҳи «Гӯшаи китоби Покистон».

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, «Гӯшаи китоби Покистон» дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкории ду давлат — Тоҷикистон ва Покистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

«Гӯшаи китоби Покистон» бо теъдоди зиёди китобҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ ғанӣ гардонида шудааст. Дар ин гӯша асарҳои марбут ба таърих, фарҳанг, адабиёт, санъат ва рушди иҷтимоию иқтисодии Покистон ҷой дода шудаанд.

Маводи ин гӯша ба забонҳои гуногун пешниҳод гардида, барои доираи васеи хонандагон дастрас мебошад. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки муҳаққиқон, донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон дар бораи ин мамлакат маълумоти муфассал ба даст оранд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода иброз намуд, ки ин гӯша дар доираи Ёддошти тафоҳум байни ҳарду давлат ва ҳамкории илмию маърифатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо беш аз 60 муассисаи созмонҳои байналмилалӣ ва 20 китобхонаи машҳури ҷаҳон ҳамкории судманд дорад. Инчунин китобхона бо 16 китобхонаи хориҷӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.

«Муассиса минбаъд низ барои тавсеаи ҳамкорӣ бо китобхонаҳо ва муассисаҳои илмӣ ва фарҳангии дохилу хориҷи мамлакат тадбирҳои муассир меандешад. Зеро густариши робитаҳои судманд, татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷрибаи пешқадам ва истифодаи имконоти муосири иттилоотӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхона ба ҳисоб мераванд. Чунин ҳамкорӣ барои ғанӣ гардонидани фонди китобхона, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди фарҳанги мутолиа дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад», – баён намуд Лутфия Абдухолиқзода.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад иброз дошт, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаи китобдорӣ, табодули адабиёт ва рушди барномаҳои муштарак байни муассисаҳои фарҳангӣ метавонад ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва таҳкими дӯстии халқҳо мусоидат намояд. Таваҷҷуҳи махсус ба нақши китобхонаҳо ҳамчун марказҳои муҳими маърифатӣ дар рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва тарбияи насли оянда саҳми арзанда мегузорад.

Тоҷикистон ва Покистон дорои робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии ғанӣ буда, ҳамкории онҳо сол то сол рушд меёбад. Ташкили чунин фазои фарҳангӣ имконият медиҳад, ки хонандагон ва муҳаққиқон бо таърих, адабиёт, фарҳанг ва дастовардҳои муосири Ҷумҳурии Исломии Покистон аз наздик шинос шаванд.

Таъсиси чунин гӯшаҳо яке аз шаклҳои муҳими дипломатияи фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ байни давлатҳо аҳамияти бештар касб намуда, барои рушди ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ замина фароҳам меорад.

 

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2026 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад