Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии таълимии Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки Наврӯз яке аз арзишмандтарин ҷашнҳои миллӣ, рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози зиндагии нав ба шумор меравад. Ин ҷашни бостонӣ давоми ҳазорсолаҳо суннатҳои неки гузаштагони моро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додааст.
Изҳор шуд, ки маҳфилу чорабиниҳои идона дар саросари мамлакат аз суннатҳои дерини наврӯзӣ ба ҳисоб рафта, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар роҳи таҳкими сулҳу ризоияти миллӣ ва ваҳдат қадамҳои устувор мегузорад.
Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эҳё ва густариши суннатҳои наврӯзӣ ба марҳилаи тоза ворид гардид. Бо сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои аслии Наврӯз аз нав эҳё гардида, ба яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон














Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






