Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барварқтиро оғоз намуданд. Дар айни замон бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин гардидаанд.
Тавре сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Баҳодур Ҳасанзода иброз намуд, дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Панҷ кишоварзон ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ машғул мебошанд.
Истифодаи самараноки замин ва сари вақт иҷро намудани корҳои агрохетникӣ боис гардид, ки кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имсол ҷамъоварии пиёз ва картошкаро барвақттар оғоз намоянд. Дар айни замон бо мақсади таъмини аҳолии Тоҷикистон бо ин маҳсулоти кишоварзӣ ва паст кардани нархи он дар бозори дохилӣ он ба фурӯш бароварда шудааст.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун иттилоъ доданд, соли равон хоҷагидорони ноҳия дар 1876 гектар пиёз кишт намудаанд. Дар айни замон 1300 гектар пиёзи барвақтиро ҷамъоварӣ намудаанд.
Кишоварзони вилояти Хатлон солҳои охир картошкаро дар зери плёнка кишт менамоянд. Хоҷагидорони ноҳияи Дӯстӣ ба чамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки кишоварзони вилоят пиёзро дар ду мавсим ҷамъоварӣ менамоянд: пиёзи барвақтӣ ва тирамоҳӣ. Ҷамъоварии пиёзи тирамоҳӣ ба моҳи октябр рост меояд.
Минтақаи вилояти Хатлон барои парвариши маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ созгор мебошад. Аз ин рӯ кишоварзон аз ин имконот ба таври васеъ истифода карда, дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Тавре олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, пиёзи аввали баҳор киштшуда моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад. Пиёзе, ки моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ мегардад, барои захира намудан хеле созгор аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






