Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, дар чорабинӣ устодон ва олимони донишгоҳҳои бонуфузи Туркия, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи бонуфузи кишвари иқомат, ба монанди шабакаи телевизион ва радиои ТРТ, оҷонсии “Анадолу”, донишҷӯён ва ҳамватанони муқими ин давлат иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд. Гӯшаи арзишҳои миллӣ бо намунаҳои нодири сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ ва осори маънавии ниёгон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба таъриху тамаддуни ғании тоҷикон ҷалб намуд.
Иштирокчиён аз тамошои намоиши либосҳои миллӣ, бахусус атласу чакан баҳра бурда, бо суннатҳои дастархони наврӯзии “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин” шинос шуданд. Пешкаш намудани таомҳои лазизи миллӣ ва шириниҳои суннатӣ ифодагари меҳмоннавозии хоси мардуми Тоҷикистон дар ин ҷашни ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд.
Барномаи фарҳангии фарзандони ҳайати дипломатӣ бо рақсу мусиқии идона табъи ҳозиринро болида намуда, ба маҳфил шукуҳи хосса бахшид. Ин чорабинӣ дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи мероси миллӣ дар кишвари иқомат нақши муҳим гузошт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия























Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






