Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд

Апрель 18, 2026 15:30

ТУРСУНЗОДА, 18.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки кормандони Маркази ягонаи иттилоот  оид ба пешгирии эктремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Пркуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқовимат ба экстремизм ва терроризм,  тарғибу ташвиқи қонунгузории мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди  ҷинояткорӣ бо аҳли ҷамоати шаҳр  вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотии Прокуратураи генералӣ Ҷаҳон Раҷабзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташабускор дар масъалаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм мавқеи пешоҳангиро касб намудааст. Барои пешгирии ин зуҳуроти хатарнок тадбирҳои муассир андешида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ ҳар нафар бояд масъулият ҳис намуда, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намояд, то онҳо дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда  гузоранд.

Ҳамчунин дар мавзуи «Муаррифии мазмун ва моҳияти стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва доир ба  пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, таълиму тарбияи дурусти насли наврас, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва истифодаи дурусти телефонҳои мобилию шабакаҳои иҷтимоӣ  сухан гуфта шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 18, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд
Оид ба татбиқи барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Панҷакент иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм баррасӣ гардид