Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10 апрел дар саросари мамлакат чорабнии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» ва Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҳти унвони «Якҷоя ба сӯи саломатӣ. Якҷоя ба сӯи илм» баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии марказӣ 6 апрел соати 8:00 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардида, дар доираи он шаҳрвандон аз ҷониби мутахассисон ва сармутахассисони соҳавӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба ташхис, муоина ва машварати ройгон фаро гирифта мешаванд.
Дар муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аксияи мазкур 7 апрел аз соати 8:00 оғоз мегардад. Дар муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, чорабинӣ 8 апрел соати 8:00 баргузор хоҳад шуд.
Дар ин робита, шаҳрвандони мамлакат даъват карда мешаванд, ки дар рӯзҳои муайяншуда ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ муроҷиат намуда, аз хизматрасониҳои тиббии ройгон истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи чорабинии ҷумҳуриявӣ то 10 апрел баргузории семинару машваратҳо ва дигар чорабиниҳои солимгардонӣ низ дар назар аст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд






