Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои хурди ҷамоавии ноҳияи Носири Хусрав ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид. Дар айни замон он дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шудааст, ки ба паст гардидани нархи ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мусоидат менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар нимаи дуюми моҳ ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён, Дӯстӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо оғоз мегардад.
Дар вилоят пиёзро дар ду мавсим ҷамъоварӣ менамоянд: пиёзи барвақтӣ ва тирамоҳӣ. Ҷамъоварии пиёзи тирамоҳӣ ба моҳи октябр рост меояд.
Минтақаи вилояти Хатлон барои парвариши маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ созгор мебошад. Аз ин рӯ кишоварзон аз ин имконот ба таври васеъ истифода карда, дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Тавре олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, пиёзи аввали баҳор киштшуда моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад. Пиёзе, ки моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ мегардад, барои захира намудан хеле созгор аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






