Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

Апрель 9, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон  машварати 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар машварат роҳбарони идораҳои сарҳадии  ҷумҳуриҳои Узбекистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Хадамоти ҳамоҳангсозии Шурои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарон ва котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки бо сиёсати оқилонаи роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯзҳо дар минтақа сулҳу субот пойдор буда, ҳамкорӣ дар байни давлатҳо дар ҳоли рушд аст.

Дар ҷараёни машварат иштирокчиён тадбирҳои андешидашавандаи идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои муқовимат ба таҳдидҳои амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо аҳамияти “Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунӣ барои солҳои 2026–2030”-ро механизми амалии татбиқи сиёсати ҳамоҳангшудаи сарҳадӣ унвон  намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа таҷрибаи мусбати ба рӯзномаи вохӯриҳои корӣ ворид намудани масъалаҳои мутахассисони (намояндагони) мақомоти марзӣ аз рӯйи самтҳои гуногуни фаъолият ва форумҳои байналмилалии илмиро, ки ба мубодилаи таҷрибаи амалӣ оид ба муқовимати пешгирикунанда ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосири амнияти марзӣ марбутанд, эътироф карданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа маҷмуи тадбирҳои амалӣ барои таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия гардид.

Дар ин рӯз иштирокчиён дар шаҳри Гулистон бо намоишгоҳи маҳсулот, ҳунару ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ ва анъанаҳои хоси миллати куҳанбунёди тоҷик шинос шуданд.

Апрель 9, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд