Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025) ва «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» таҳти унвони «Мушкилоти тағйирёбии иқлим: назарҳо оид ба сабабҳо, пайомадҳо ва равишҳои мутобиқшавӣ» монографияи мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Номвар Қурбон ба нашр расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, монография аз тарафи нашриёти «Дониш»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нашр расида, аз ду бахш иборат мебошад.
Тавре муаллифи китоб Номвар Қурбон иброз дошт, дар монография муҳимтарин масоили марбут ба тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалии иқлим, таъсири партови газҳои гулхонаӣ ба системаи иқлимӣ, омилҳои таҳрикдиҳандаи тағйирёбии иқлим, дурнамову пайомадҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим, гузариш ба иқтисоди «сабз» дар шароити тағйирёбии иқлим ва ғайра баррасӣ гардидааст.
Инчунин татбиқи ҳадафҳои меҳварии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим, иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди конвенсияҳои байналмилалии экологӣ аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ таҳлил шудаанд.
Дар қисми аввали он мавзуъҳое, чун таҳаввули тағйироти иқлимӣ ва дурнамои пайомадҳои он, сенарияҳои партови газҳои гулхонаӣ ва таъсири онҳо ба тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалии иқлим ва оқибатҳои он дар Тоҷикистон, робитаи падидаҳои атмосферию уқёнусӣ (ҷараёнҳои Эл-Нино, Ла-Ниня) бо тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, обшавии босуръати пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалии иқлим, мутобиқшавии ноҳияҳои кӯҳсор ба раванди афзоиши ҳарорат ва буҳрони экологии баҳри Арал ва таъсири он ба иқлими минтақа таҳлилу баррасӣ гардидаанд.
Бахши дуюми монография ба мавзуъҳое, ба монанди саҳми Тоҷикистон дар партови газҳои гулхонаӣ ва иҷрои Созишномаи иқлимии Париж, иқтисоди «сабз» ҳамчун омили бунёдии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, нақши Тоҷикистон дар форумҳои ҷаҳонии об ва конфронсҳои иқлимии Созмони Милали Муттаҳид ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун кафили рушди устувори экологию иқтисодии минтақа бахшида шудааст.
Монографияи «Мушкилоти тағйирёбии иқлим: назарҳо оид ба сабабҳо, пайомадҳо ва равишҳои мутобиқшавӣ» пажуҳиши густурдаи метеорологӣ, климатологӣ, гидрологӣ ва экологӣ буда, зери назари доктори илмҳои химия, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Ином Норматов ба табъ расидааст.
Монографияро метавон ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷӯёну мутахассисони ояндаи соҳаҳои метеорология, климатология, гидрология, география ва экология истифода намуд.
Бояд гуфт, ки Номвар Қурбон муаллиф ва ҳаммуаллифи 65 мақолаи илмӣ, 160 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 9 китоб (4 монография, 1 китоби дарсӣ) ва 4 шаҳодатномаи ихтироотӣ (патент) мебошад.
АКС аз муаллиф








«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид






