Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд

Апрель 28, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Роҳи абрешими рақамӣ: аз ҷудоӣ ба ҳамгироии рақамӣ» Форуми ҷашнии 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет — CAIGF 2026 доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар форум масъалаҳои коҳиши нобаробарии рақамӣ, таъмини пайвастагии устувор дар минтақаҳои дурдаст, танзими ҷараёнҳои фаромарзии маълумот ва ҳифзи маълумоти шахсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин иштирокчиён ба масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди устувор ва таҳкими амнияти киберӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иброз дошт, ки баргузории чунин форуми сатҳи баланд  аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ ба рушди фазои рақамӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад. Дар ин замина Тоҷикистон дар доираи сиёсати давлатӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини дастрасии фарогир ба интернет тадбирҳои муассир меандешад.

«Имрӯз масъалаи дастрасӣ ба интернет танҳо имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини баробарии имконият ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Мо талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас барои ҳар шаҳрванд табдил диҳем», – баён намуд Исфандиёри Саъдулло.

Гуфта шуд, ки Форуми CAIGF давоми даҳ соли фаъолият ба платформаи асосии муколамаи бисёрҷониба байни давлатҳо, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ табдил ёфтааст.

Имсол интихоби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон бозгӯи нақши рӯзафзуни давлат дар ташаккули фазои ягонаи рақамии минтақа мебошад.

Таъкид шуд, ки натиҷаҳои форум метавонанд ба таҳияи сиёсати муассири рақамӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори рақамӣ мусоидат намоянд.

Иштирокчиёни форум барои идомаи муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои муштараки рушди фазои рақамии фарогир ва бехатар дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид