«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад

Апрель 9, 2026 12:00
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 то 3 майи соли 2026 дар пойтахти мамлакатМусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2026» оид ба ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Мусобиқа дар доираи силсилаи ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, яке аз бонуфузтарин чорабиниҳои варзишии ҷаҳон дар ин намуди варзиш ба шумор меравад.

Варзишгарон барои ба даст овардани холҳои муҳими раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо рақобат менамоянд, зеро ин холҳо барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ аҳамияти калон доранд.

Мусобиқа аз рӯи 14 вазн — 7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон баргузор карда мешавад. Ғолибон ва ҷоизадорони ҳар вазн бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва муаррифии имконоти варзишии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 9, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд