«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад

Апрель 9, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 4-5 июн дар ноҳияи Муъминободи вилояти  Хатлон Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони  «Хатлон-сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳадафи форум ва намоиш муарифии  иқтидори сайёҳии минтақа, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Дар назар аст, ки дар он намояндагони беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намоянд.

Дар вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки дар Хатлон 933 ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 50 ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ), 240 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Апрель 9, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд