«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид

Апрель 13, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 12 то 18 апрел барои мудирони бахши ҷавонону занони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври бозомӯзӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб хабар доданд.

Ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ, инчунин мушаххас намудани самтҳои фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи асосии баргузории даври омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии мудирони бахши ҷавонону занон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва ташаббускорӣ, инчунин ҷалби фаъоли ҷавонон ва занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мебошад.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ нақши ҷавонон ва занон дар ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди устувори ҷомеа ниҳоят муҳим мебошад.

Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ байни ҷавонон ва занон зиёд аст.

Даври омӯзишӣ ба густариши ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат, ватандӯст ва содиқ ба арзишҳои миллӣ равона гардидааст.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Апрель 13, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт