Имрӯз дар вилояти Хатлон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурра иҷро шуд

Апрель 1, 2026 17:21

ДУШАНБЕ, 01.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Хатлон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардида, ҷавонони зиёд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ равона шуданд.

Маротибаи чаҳорум аст, ки вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тавонист нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввал пурра иҷро намояд. Ин нишондиҳанда аз сатҳи баланди омодагии ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ дар вилоят шаҳодат медиҳад.

Ба муносибати ин рӯйдоди муҳими сиёсиву иҷтимоӣ дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии ботантана ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз марҳилаҳои муҳими ҳаёти ҳар ҷавон буда, мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан ба ҳисоб меравад.

Дар ин рӯз маросими анъанавии нонгазон баргузор шуд. Модарону падарон бо ифтихори баланд фарзандонашонро ба иҷрои хизмати ҳарбӣ гусел намуда, ба онҳо дуои нек доданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Апрель 1, 2026 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар ноҳияи Вахш нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
ХИЗМАТ ДАР МАКТАБИ БУЗУРГИ МАРДОНАГИЮ ВАТАНДӮСТӢ ШАРАФ АСТ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввал иҷро шуд
Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ иштирок намуд
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ҳисор кам кардани талафоти неруи барқ баррасӣ гардид
«ТУ МОДАРИ БА ҶОН БАРОБАРАМ, ВАТАН!». Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд