Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Тоҷикистон то 4 апрел дар 5801 гектар кишти зериплёнкавии пунбадона гузарониданд. Тибқи нақша, соли 2026 дар 40 000 гектар пунбадона бо усули зери плёнка кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Пахта дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ зироати асосӣ ва муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Усули инноватсионии кишти чигит, аз ҷумла зери плёнка ва обёрии қатрагӣ яке аз равандҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани хароҷот ба ҳисоб меравад.
Кишти зериплёнкавии пунбадона яке аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб рафта, махсусан дар минтақаҳои гарм ва камоб самаранок истифода мешавад. Дар ин усул тухмии пахта дар зери плёнкаи полиэтиленӣ кошта мешавад, ки он барои фароҳам овардани шароити мусоиди сабзиш ва нашъунамои растанӣ имконият фароҳам меорад.
Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки яке аз афзалияти асосии ин усул нигоҳ доштани ҳарорати хок мебошад. Плёнка ҳарорати хокро чанд дараҷа гармтар нигоҳ медорад, ки дар натиҷа тухмӣ барвақттар ва якхела месабзад. Ин ба кӯтоҳ шудани давраи нашъунамои пахта ва барвақт пухта расидани ҳосил мусоидат мекунад.
Ба таъкиди олимони соҳаи кишоварзӣ, бартарии дигари муҳим нигоҳдории намӣ дар хок аст. Плёнка бухоршавии обро кам карда, барои сарфаи захираҳои об шароит фароҳам меорад. Дар шароити камобӣ ин омил аҳамияти махсус дорад, зеро шумораи обёриҳо кам шуда, хароҷоти истеҳсолӣ паст мегардад. Ин усул инчунин сабзиши алафҳои бегонаро коҳиш дода, кори нигоҳубинро осонтар намуда, истифодаи маводи кимиёвиро коҳиш медиҳад.
Ҳамчунин плёнка хокро аз тағйирёбии шадиди ҳарорат муҳофизат карда, барои рушди устувори растанӣ шароити мусоид фароҳам месозад. Дар маҷмуъ, истифодаи кишти зериплёнкавӣ метавонад ба баланд шудани ҳосилнокии пахта мусоидат намояд ва сифати маҳсулотро беҳтар гардонад.
Истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ, аз ҷумла кишти чигит дар зери плёнка яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани истеҳсолоти пахтакорӣ ва беҳтар намудани ҳосилнокӣ мебошад.
Кишти чигит дар зери плёнка на танҳо ҳосилнокиро зиёд мекунад, балки боиси кам шудани хароҷоти кишоварзон мегардад. Ин усул имконият медиҳад, ки обёрии пахта дар давраи нашъунамои якум самараноктар ва нашъунамои тухмӣ муътадил бошад.
Масъулини соҳа ва мутахассисони кишоварзӣ бар ин назаранд, ки дар оянда васеъ намудани кишти чигит дар зери плёнка метавонад қадами муҳим дар рушди пахтакорӣ гардад.
Ба иттилои мутахассисон, усули зери плёнка технологияи нав нест. Кишоварзони мо аз ин усул дар соҳаи пахтапарварӣ истифода менамуданд. Солҳои охир тағйирёбии иқлим боис гардид, ки пахта ҳосили кам ба бор оварад. Тибқи таҳлилҳо, ин усул ба тағйирёбии иқлим мувофиқ буда, ба фоидаи марди деҳқон низ мебошад
Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки ин усул барои кишоварзон фоидаовар мебошад. Чунки пунбадонаи зери плёна дар муддати 8 ё 12 рӯз неш зада, аз замин мебарояд. Ҳамчунин дар ҳолати боронҳои пай дар пай ба он зиён намерасад. Зеро он дар зери плёнка буда, хоки болои он сафолак намешавад. Пунбадонаи зери плёнка то даври дуюм бо намӣ таъмин мебошад. Кишоварзон дигар коркарди байни қаторҳои пахта намегузаронанд ва алафҳои бегона қобилияти инкишоф ёфтан надоранд.
«Агар пунбадона барвақттар инкишоф ёбад, то моҳи июн аллакай ҳосили кураки он пайдо мешавад ва дар гармиҳои фасли тобистон ҳосили бударо хуб нигоҳ дошта метавонад. Дар кишти анъанавӣ пунбадона аз замин дер мебарояд ва то фасли тобистон ба гулкунӣ оғоз мекунад. Агар тобистон гарм ояд, ҳосили буда нобуд мегардад»,-гуфт Зикриёхон Ҳайдаров.
Ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзии мамлакат, дар 1 гектар замини кишти зери плёнка 60 килограмм плёнка истифода бурда мешавад.
Ба таъкиди мутахассисон, кишти пахта дар зери плёнка аз чанд ҷиҳат бартарият дошта, ба гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат мусоидат мекунад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки агар дар оянда кишти зери плёнка ва обмонии қатрагӣ амалӣ шавад, ягонакунии ниҳолҳо ва коркарди байни қаторҳо аз байн меравад, зеро дар замини бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшида тухми пунбадона ва об сарфа мегардад, онҳо ковок меистанд ва сахт намешаванд. Нуриҳои минералӣ ба воситаи қубурҳои обтақсимкунанда сари вақт ба ниҳолҳои пахта дода мешаванд.
Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ боло меравад. Аз ин рӯ кишоварзони мамлакат талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА БӮИ ИШҚ, БӮИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БӮИ ВАТАН МЕКУНАД. Эҳдо ба 115-солагии Мирзо Турсунзода
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид






