Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли гармо хатари вайроншавии маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба маротиб зиёд мегардад. Аз ин хотир Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳамаи сокинон ва меҳмононро даъват мекунад, ки ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ғизо ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вилояти Суғд Султон Раҳмонзода изҳор дошт, баланд шудани ҳарорати ҳаво ба афзоиши босуръати микроорганизмҳои бемориовар мусоидат намуда, метавонад боиси заҳролудшавии ғизо ва оқибатҳои нохуш гардад.
Бо ин мақсад директори марказ ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки маҳсулоти хӯроквориро танҳо аз нуқтаҳои расмии савдо харидорӣ намуда, ба сифат, муҳлати истифода ва шароити нигоҳдории он диққати ҷиддӣ диҳанд. Аз хариди маҳсулоти дар шароити номуносиб нигоҳдошта худдорӣ намоянд.
Роҳбарияти марказ соҳибкорон ва шахсони тасодуфиеро, ки дар кӯчаву хиёбонҳо ва роҳравҳо худсарона ба фурӯши чунин маҳсулот машғул мегарданд, қатъиян огоҳ менамояд, ки тибқи талаботи амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои савдо ба ҷавобгарии маъмурӣ ва дар ҳолатҳои вазнин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Ба гурӯҳи маҳсулоти хавфнок гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, махсусан мурғи пухта, моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм ва маҳсулоти аз он омодашуда, инчунин таомҳои тайёр, аз ҷумла салатҳо ва соусҳо дохил мешаванд. Ин намуди маҳсулот дар шароити ҳарорати баланд зуд вайрон шуда, метавонад ба манбаи сироят табдил ёбад.
«Фурӯши чунин маҳсулот дар ҷойҳои номуносиб, аз ҷумла дар кӯчаву хиёбонҳо, роҳравҳо, канори роҳҳо, бозорҳои ғайрирасмӣ, ҷойҳои бе шароити сардкунӣ ва муҳити ифлос қатъиян манъ мебошад. Чунин амалҳо ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, ба саломатии аҳолӣ хатари ҷиддӣ доранд», -афзуд директори марказ.
Бояд иброз намуд, ки дар натиҷаи истеъмоли маҳсулоти вайроншуда эҳтимоли пайдоиши ин бемориҳои сироятӣ зиёд мегардад: салмонеллёз, дизентерия (шигеллёз), колибактериоз, ботулизм, заҳролудшавии стафилококкӣ ва гепатити вирусии навъи «А». Ин бемориҳо метавонанд бо аломатҳои вазнин зоҳир гардида, ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонанд.
Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи оби тозаи нӯшокӣ ва коркарди дурусти гармии маҳсулот яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад.
Танҳо бо масъулияти баланд ва ҳамкории дастҷамъона метавон сатҳи бехатарии озуқавориро таъмин ва саломатии ҷомеаро ҳифз намуд.
АКС: Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд








Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид






