Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд

Апрель 3, 2026 14:36

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/.  2 апрел дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Амалисозии нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», дастовард ва дурнамо» конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Зимни конференсия иброз гардид, ки дар сиёсати давлат баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа мавқеи калидӣ дорад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар мамлакат, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Барномаҳои давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» (2017-2022 ва 2023-2030) ба тасвиб расидаанд, дар таъмини кафолатҳои конститутсионӣ нақши муҳим доранд.

Изҳор шуд, ки «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки барои ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо дар соҳаҳои меҳнат, иқтисод, фарҳанг, сиёсат ва ғайра қабул шудааст.

Дар ин раванд барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, баланд бардоштани нерую савияи дониш, маҳорату малакаи корбарӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занонону духтарон, ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти сиёсию фарҳангӣ, тарғибу ташвиқи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон, бартарафсозии қолабҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаштани навхонадорон, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили гаравидани занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, пошхӯрии оилаҳо, аз таҳсил дур мондани фарзандон, махсусан духтарон, пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО ва нашъамандӣ байни занону ҷавонон бо иштироки занон мунтазам ҳамоишҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади боз ҳам тақвият додани вазъи занон дар ҷомеа ва фаъолгардонии нақши онҳо дар соҳаҳои гуногун тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, бо назардошти ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои амалисозии ин стратегия барои солҳои 2026-2030 тасдиқ гардидааст.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 3, 2026 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад