«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид

Апрель 6, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе» Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оид ба гӯштингирӣ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок намуда, иброз доштанд, ки  баргузории чунин мусобиқаҳо ба рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз 22 давлати ҷаҳон ҷамъ омада, бо ҳам рақобат менамоянд.

Дар вазни то 65 кг паҳлавони ҷавони тоҷик Ёсин Бобокалонов сазовори медали тилло гардид. Дар даври финалӣ Ёсин Бобокалонов бар паҳлавони дигари тоҷик Сарвар Абдушукуров ғолиб омад. Намояндагони Узбекистон – Дилшод Буриев ва Арётм Штурбабин соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар вазни то 78 кг паҳлавони тоҷик Маҳмадшариф Наҷмиддинов соҳиби медали тилло гардид. Медали нуқра насиби Умид Эсанов аз Узбекистон шуда, Қоим Шукронов аз Тоҷикистон ва Адилет Ахметгали аз Қазоқистон сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Медали тиллои вазни то 86 кгро намояндаи Узбекистон Аҳрор Зиёдуллоев соҳиб гардид. Ёқубҷон Назиров аз Русия ва Раҳматуллобек Фарҳодов аз Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб гардиданд.

Инчунин дар вазни изофаи 86 кг Шоҳруххон Бахтиёров аз Узбекистон ҳама ҳарифонро мағлуб намуда, дар даври финалӣ бо партофти ҳалол Бахтиёров бар паҳлавони кишвари мо Шарифҷон Назриев ғолиб омад. Медалҳои биринҷиро Бекмурод Олтибоев аз Узбекистон ва Ҳусейн Халмурзаев аз Русия соҳиб шуданд.

Ҳамзамон дар ин вазн паҳлавони шинохтаи тоҷик ва қаҳрамони феълии мусобиқа Шакармамад Мирмамадов аз намояндаи Туркманистон — Тейен Тейенов дар даври аввал ба таври ногаҳонӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Байни духтарон дар вазни 70 кг медали тиллоро намояндаи Русия  Камила Бадурова соҳиб шуд. Дар даври финалӣ Камила Бадурова бар ҳамватанаш ва қаҳрамони феълии мусобиқа Алена Прокопенко зафар ёфт. Алина Молдокулова аз Қирғизистон ва Юлия Гребеножко аз Украина медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва муаррифии гӯштингирӣ дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад