Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд

Апрель 14, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 апрел то 1 май Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Беларус баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи  Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ҳамчунин Рӯзҳои кинои тоҷик, намоиши мусаварраҳо, либосҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мешаванд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Беларус бо мақсади таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.  Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.

Ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду давлат  то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018,2024 ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд