Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд

Апрель 13, 2026 10:20

ЛАХШ, 13.04.2026. /АМИТ«Ховар»/. 11 апрел сокинони ноҳияи Лахш  Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо ифтихор аз суннатҳои ниёгон ва руҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш хабар доданд.

Чорабиниҳои идона аз роҳпаймоии ботантана дар марказии ноҳия оғоз ёфта,  дар он  намоиши идонаи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо нишону рамзҳои наврӯзӣ ва бардоштани Парчами давлатӣ доир шуд. Ҳамзамон  дастовардҳои ноҳия  дар як сол — аз Наврӯз то Наврӯз  ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар варзишгоҳи марказии ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Ҳунармандони маҳаллӣ маҳсули дасти худ, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои кулолӣ, таомҳои наврӯзӣ ва маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.

Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода иброз дошт, ки Наврӯз барои мардуми мо иди файзу баракат ва ваҳдату ҳамдилӣ мебошад. Бо сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои аслии Наврӯзи байналмилалӣ аз нав эҳё гардида, ба рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфтаанд.

Таъкид гардид, ки сокинони ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо шукрона аз ободии мамлакат барои боз ҳам зеботар намудани диёр заҳмат кашида, ноҳияи Лахшро ба яке аз ноҳияҳои пешрафта табдил медиҳанд.

Дар чорабинӣ  аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби театриро пешкаши тамошобинон намуданд. Онҳо бо суруду рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба чорабинӣ ҳусну таровати зебо зам намуда, хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.

Ҳамчунин бо мақсади  эҳёи анъанаҳои ниёгон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ваҳдату дӯстӣ байни ҷавонони минтақаҳои мухталифи мамлакат дар ноҳияи Лахш  мусобиқаи калони гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар он паҳлавонони соҳибтаҷриба ва ҷавонони боистеъдод аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Ба ғолибони вазнҳои гуногун ва беҳтарин паҳлавонони мусобиқа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш шоҳҷоизаҳо ва туҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Апрель 13, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд