Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд

Апрель 8, 2026 15:00

ТОҶИКОБОД, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ноҳияи Тоҷикобод машварату муоинаи беморон ба таври ройгон гузаронида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.

Дар саҳни бинои Маркази саломатии ноҳия барои қабул ва суҳбати озоду ошкорои мутахассисон бо шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам гардида, дар маҷмуъ барои машварат ва ташхису муоинаи ройгони сокинон тамоми имконоти зарурӣ муҳайё гардида буд. Ҳамчунин дар ин рӯз шаҳрвандон аз муоинаи ройгон гузаронида шуда, барои пешгирии бемориҳо ва усулҳои табобати онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд. Аз ҷумла, 460 нафар сокинони ноҳияи Тоҷикобод, ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ва сокинони ноҳияи Лахш аз тарафи мутахассисони Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Тоҷикобод  барои муоинаи бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу раг, шуш ва роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо дар озмоишгоҳҳо  аз ташхисҳои гуногун гузаронида шуда, ба онҳо барои муолиҷа кардан машварат дода шуд.

Сардухтури Маркази саломатии ноҳияи Тоҷикобод Маъруф Саидхоҷаев иброз намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо табибонро водор менамояд, ки дар роҳи сиҳатии мардум донишу таҷрибаро дареғ надоранд ва вазифаи хешро бо шарафмандӣ, садоқату самимият ба ҷо оварда, дар ҳифзи тандурустии аҳолӣ саҳми арзанда гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Апрель 8, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад