СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад

Апрель 6, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Панҷакент илова ба нақша 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Роҳбарияти  шаҳр дар деҳаи Марғедари деҳоти Рӯдакӣ бо ҷараёни бунёди Нишон, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва толори варзишӣ  шинос шуда, барои дар муҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳо ба масъулин дастур доданд.

Зимни шиносоӣ бо сохтмони маркази саломатӣ ва бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳаи Нигнот паймонкорон- ширкатҳои сохтмонии «Асл» ва «Панҷакентсоз» барои тезонидани корҳо муваззаф ва сокинони деҳа ба ҳашар ва  кумак ба сохтмончиёни бинои муассисаи таълимӣ даъват карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 700 метр роҳи кӯчаи деҳаи Рукнободи деҳоти Ворӯ мумфарш карда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Апрель 6, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд