Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд

Апрель 1, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Беҳдоштӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи мардумии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғур ва Ширкати саноат ва тиҷорати Синзян-Санбаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ёддошти ҳамкории сеҷониба 31 март дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни вохӯрии муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саломуддин Юсуфӣ бо як гурӯҳ намояндагони Ҷумҳурии Мардумии ба имзо расонида шуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории судманди дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин  нақша доранд, ки дар рушди инфрасохтори тиббӣ, аз ҷумла сохтмон ва навсозии муассисаҳои тиббӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоранд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад