Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд

Апрель 13, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 13.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел  дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ)  оид ба ҳуқуқи инсон Фолкер Турк баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории  Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин дастовардҳо ва иқдоми минбаъдаи кишвар дар соҳаи таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда шуданд.

Вазири адлия Музаффар Ашуриён иброз дошт, ки Тоҷикистон дар доираи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ муколамаи мунтазам ва созандаро идома дода, бо мақомоти шартномавӣ ва ниҳодҳои тахассусии  Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории зич дорад. Итминон дода шуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ усулҳои эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро риоя хоҳад кард.

Дар анҷоми  вохӯрӣ омодагии ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон изҳор гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Апрель 13, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт