Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд

Апрель 2, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2026» бо фаъолияти корхонаи истеҳсол ва таъмири таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР», ки дар ҳудуди парки саноатии «Турбина» ҷойгир аст, шинос шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба вазир имконоти истеҳсолӣ, иқтидори техникӣ ва технологияҳои муосири мавриди истифода дар самти истеҳсол ва таъмири таҷҳизоти турбинаҳои газӣ муаррифӣ гардиданд. ‎

‎ Ҳамзамон масъалаҳои густариши ҳамкории мутақобили судманд, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти таъминот ва харидории турбинаҳои газӣ барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

‎ Ҳамчунин доир ба имконоти ҷалби технологияҳои муосир, табодули таҷриба ва омодасозии мутахассисони соҳа табодули афкор доир шуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 2, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд