Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин IT Форум таҳти унвони «Tajik-China Digital Business Connect» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар оданд, форуми мазкур ба як платформаи муҳими ҳамкории иқтисодию технологӣ байни Тоҷикистон ва Чин табдил ёфта, дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ 70 ширкати соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон ва зиёда аз 120 ширкати бонуфузи технологии Чин, аз ҷумла Alibaba Group, ByteDance (TikTok), BYD, Huawei, DeepSeek, Kuaishou Technology ва Lenovo иштирок намуда, имкониятҳои технологӣ, таҷриба ва дастовардҳои худро дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, инфрасохтори рақамӣ, марказҳои коркарди додаҳо (Data Center), савдои электронӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ муаррифӣ карданд.
Ҳадафи асосии Форум фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои мустақими тиҷоративу технологӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосир, табодули донишу таҷриба, инчунин муаррифии иқтидор ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисоди рақамӣ ва инноватсия арзёбӣ гардид.
Зимни нишастҳои панелӣ ва вохӯриҳои дуҷониба ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди экосистемаи рақамӣ, тавсеаи инфрасохтори технологӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти ҳукумати электронӣ, рушди стартапҳо, таҳкими иқтидори кадрӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳошияи Форум байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҳкими робитаҳои иқтисодию технологӣ байни ду кишвар заминаи устувор фароҳам месозад.
Баргузории IT Форум таҳти унвони «Tajik-China Digital Business Connect» ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими шарикии стратегии технологӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию рақамии ду кишвар арзёбӣ мегардад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






































Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард






