Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштирок дар ҷаласаҳои Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои мудофиа, амният, сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кору таҳсил доранд, вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода доир ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ давоми 35-соли соҳибистиқлолӣ ва музаффарияти заҳматкашони мамлакат зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин маълумот дод. Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ватандӯст бошанд ва обрӯйи миллату давлату ватанамонро ҳамеша боло бардоранд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






