Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони муосир, ки низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад, ҳар як давлат дар ҷустуҷӯи механизмҳои нави таъмини амнияти миллӣ фаъол мегардад. Таҳдидҳои нав ба монанди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ ва сиёсӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, коррупсия, маърифати пасти ҳуқуқӣ, паҳншавии идеологияҳои радикалӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба он водор мекунанд, ки моделҳои амниятро аз амнияти ҳарбӣ ба амнияти инсонӣ (иқтисодӣ, озуқаворӣ, экологӣ, иттилоотӣ ва маърифатӣ) тағйир диҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ки таҷрибаи душвори ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992–1997) ва таҳдидҳои пайвастаи муосирро аз сар гузаронидааст, маҷбур аст сиёсати ҳуқуқии худро дар атрофи се рукни асосӣ – илмомӯзӣ, ватандӯстӣ ва амният – бунёд намояд. Ин се маҳак на танҳо дар сатҳи эъломиявӣ, балки дар сатҳи механизмҳои ҳуқуқии воқеӣ бо ҳам алоқаманданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (2015), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» (2022) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» (2011) заминаи ҳуқуқии ин ҳамгироиро фароҳам овардаанд. Аммо таҳлили амиқи мазмун ва татбиқи амалии онҳо нишон медиҳад, ки дар байни ин се соҳа ҷудоии муайян вуҷуд дорад.
- Илмомӯзӣ ҳамчун асоси ҳуқуқии шахсияти соҳибихтиёр ва амниятбахш.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар моддаи 41 ҳуқуқи таҳсилот ҳамчун ҳуқуқи инсон эътироф шудааст. Таҳсилоти умумии асосӣ ҳатмӣ ва ройгон мебошад, ки ин заминаи умумии донишмандии аҳолиро таъмин менамояд. Аммо илмомӯзӣ мафҳуме васеътар ва амиқтар аз таҳсилоти мактабӣ мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (моддаи 1) омадааст, ки фаъолияти илмӣ ба андӯхтани дониши нав, татбиқи он дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот, инчунин тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона шудааст. Бинобар ин, илмомӯзиро метавон ҳамчун раванди пайвастаи азхудкунии донишҳои бунёдӣ ва амалӣ, инкишофи тафаккури интиқодӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва синтез, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ муайян намуд.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқшиносӣ, илмомӯзӣ танҳо ҳуқуқ нест, балки уҳдадории иҷтимоии шаҳрванд низ мебошад. Моддаи 42-и Конститутсия муқаррар мекунад: «Ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин муқаррароти асосӣ мафҳуми «нофаҳмии ҳуқуқӣ» (legal nihilism) –ро ҳамчун омили хатаровар барои амният муайян мекунад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳо, озодиҳо ва уҳдадориҳои худ огоҳ нест, ба осонӣ ба фаъолияти ғайриқонунӣ, аз ҷумла ба терроризм ва ифротгароӣ ҷалб карда мешавад. Дар ин ҷо илмомӯзӣ нақши пешгирикунанда мебозад. Яъне огоҳии ҳуқуқӣ тобоварии шахсро дар баробари таҳдидҳои идеологӣ афзоиш медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои якчанд моддаҳост, ки бевосита ё бавосита илмомӯзиро бо амният ва ватандӯстӣ пайванд медиҳанд. Моддаи 5 арзиши олии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои уро эълон мекунад. Бидуни илмомӯзӣ инсон наметавонад аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошад ва онҳоро самаранок ҳифз намояд. Моддаи 10 эътибори олии Қонуни асосиро муқаррар намуда, қайд мекунад, ки санадҳои байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии миллӣ амал мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрванд набояд танҳо қонунҳои миллӣ, балки меъёрҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мубориза бо терроризм ва ғайра бидонад.
Моддаи 14 маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсонро танҳо барои таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво медонад. Донистани ҳудуди ин маҳдудиятҳо барои шаҳрванд аҳамияти калон дорад, зеро аз ин роҳ ӯ метавонад аз сӯиистифода аз ҷониби мақомоти ҳокимият пешгирӣ намояд. Моддаи 43 ҳифзи Ватанро вазифаи муқаддаси шаҳрванд эълон мекунад. Аммо иҷрои ин вазифа бидуни донистани асосҳои ҳуқуқии мудофиа, омодагии ҳарбӣ-техникӣ ва ҷаҳонбинии ватандӯстона ғайриимкон аст. Ҳамин тариқ, Конститутсия заминаи ҳуқуқии ҳамгироии сегонаи «илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният»-ро фароҳам овардааст, аммо дар сатҳи қонунгузории соҳавӣ ин ҳамгироӣ ҳанӯз ба пуррагӣ инъикос наёфтааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (моддаҳои 16, 17, 18) тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олиро дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура пешбинӣ намудааст. Дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат дода мешаванд. Ин низом, агар самаранок амал кунад, метавонад заминаи ташаккули элитаи зеҳниро фароҳам орад, ки ҳамчун филтри муҳими идеологӣ на танҳо илм, балки амнияти давлатро низ таъмин мекунад.
Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки дар он донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ, ки фаъолияти пурсамар доранд, сатҳи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён нисбат ба минтақаҳои дурдасти деҳот, ки дастрасӣ ба илм ва маълумоти сифатнок маҳдуд аст, хеле баландтар мебошад. Ин фарқият хулосаи муҳим медиҳад, ки бе илмомӯзӣ ватандӯстӣ низ заиф мегардад. Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар пешниҳод мекунад, ки дар ҳар як донишгоҳи кишвар шуъбаи таҳлили таҳдидҳои идеологӣ таъсис дода шавад, ки дар он на танҳо ҳуқуқшиносон, балки равоншиносон ва олимон дар соҳаи амният фаъолият кунанд.
- Ватандӯстӣ дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» яке аз санадҳои муосир дар фазои пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад. Он дар моддаи 1 ватандӯстиро ҳамчун «муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан» муайян мекунад. Ин мафҳум аҳамияти амиқ дорад, зеро он ватандӯстиро аз як эҳсоси эмотсионалӣ ба фаъолияти амалӣ – хизмат ва ҳифз – табдил медиҳад.
Қонун дар ҳамин модда инчунин якчанд намуди тарбияи ватандӯстиро ҷудо мекунад:
— тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ – дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, ёддошти ниёгон ва қобилияти пайравӣ кардани онҳо;
— тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ – иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвар, риояи қонун, ифтихор аз дастовардҳои миллӣ;
— тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ – омодагии шуурона барои ҳимояи Ватан, ифтихор аз Қувваҳои Мусаллаҳ, эҳтиром ба анъанаҳои ҳарбӣ ва ёдбуди қаҳрамонон.
Ин сегонаи дохилии ватандӯстӣ далели он аст, ки алоқамандӣ байни маънавиёт, шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ муҳим аст.
Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар моддаи 13 таъмини илмӣ-методии тарбияи ватандӯстиро пешбинӣ мекунад: «Таъмини илмии тарбияи ватандӯстӣ нигаронида шудааст барои ташкили тадқиқи масъалаҳои мубрами соҳаи тарбияи ватандӯстӣ ва истифодаи натиҷаҳои онҳо дар фаъолияти амалӣ». Ин маънои онро дорад, ки илмомӯзӣ на танҳо ҳамроҳи ватандӯстӣ, балки ҳамчун асоси он эътироф мегардад. Шахсе, ки таърихи воқеии халқи худро медонад, забони тоҷикиро эҳтиром мекунад, фарҳанги бойи миллатро дарк менамояд, қонунияти давлатиро риоя мекунад – чунин шахс на танҳо ватандӯст, балки амниятбахши фаъол мебошад.
Моддаи 11 қонуни мазкур низоми тарбияи ватандӯстиро ҳамчун маҷмӯи субъектҳо (мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, оила, шаҳрвандон) муайян мекунад. Оила ҳамчун зинаи ибтидоӣ ҷойи махсусро ишғол мекунад. Дар оила агар волидайн худашон илмомӯз набошанд ё муҳаббат ба сарзаминро наомӯзанд, насли наврас ҳам наметавонад ватандӯсти ҳақиқӣ бошад. Аз ин рӯ, Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» иловае ворид карда шавад, ки мутобиқи он ҳамаи омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ ҳатман аз курсҳои такмили ихтисос оид ба методологияи тарбияи ватандӯстӣ бо истифода аз дастовардҳои муосири илмҳои педагогӣ ва равоншиносӣ мегузаранд.
Дар як қатор минтақаҳои дурдасти кишвар мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи пасти дониши ҳуқуқӣ, таърихӣ ва маданӣ боиси он мегардад, ки шаҳрвандон ватандӯстиро танҳо ҳамчун шиори сиёсӣ дарк мекунанд, дар ҳоле, ки он ҳамчун вазифаи амалии ҳаррӯза аст. Ин ҳолат барои гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро онҳо метавонанд бо истифода аз мафҳумҳои қалбакии «ватандӯстӣ», «ҷиҳод» ва «имон» ҷавонони бесаводро ба сафи худ ҷалб намоянд.
Намунаи возеҳ – ширкати баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои хориҷи кишвар мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ин шахсон таҳсилоти миёнаи пурраро низ нагирифтаанд, ҳуқуқи конститутсиониро намедонанд ва аз таърихи воқеии хеш бехабаранд. Онҳо дар муҳитҳои пӯшидаи динӣ ва идеологӣ тарбия ёфта, ватандӯстии воқеиро дарк намекунанд. Ин сабаби асосии он аст, ки баланд бардоштани сатҳи илмомӯзӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифаи бевоситаи амниятӣ мебошад.
Аз таҳлили анҷомдода хулосаҳои амалии зерин бармеоянд:
— ҷорӣ намудани мавзӯи ҳатмии «Ватандӯстӣ ва амнияти иттилоотӣ» дар синфҳои 9-11 мактабҳои миёна ва курсҳои 1-2 донишгоҳҳо бо ҳаҷми на камтар аз 34 соат. Ин мавзӯъ на танҳо мафҳуми ватандӯстӣ, балки таҳлили таҳдидҳои иттилоотӣ (фишинг, тӯрҳои экстремистӣ дар интернет, психотехнологияҳои фиреб) ва пешгирии паҳншавии идеологияи бегонаро дар бар гирад.
— таҳияи Дастури ягонаи илмию методии «Ватандӯстӣ дар амалияи ҳуқуқӣ» барои омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо ва прокуророн.
— таъсиси ҷоизаи давлатии «Беҳтарин омӯзгори ватандӯст» бо маблағгузории алоҳидаи буҷетӣ барои ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҳақиқии илмомӯз ва ватандӯст.
- Амният ҳамчун ниҳоди ҳуқуқӣ ва стратегии давлат. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дар моддаи 1 амнияти миллиро ҳамчун «ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ» муайян мекунад. Ба манфиатҳои миллӣ тибқи моддаи 5 дохил мешаванд: таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ, рушди иқтисод, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, тағйирнопазирии сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳад, иҷрои санадҳои байналмилалӣ.
Қонун дар моддаи 3 принсипҳои таъмини амниятро муқаррар мекунад: эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният, масъулияти мутақобила, иттилоотонии фаврӣ, ягонагӣ ва ҳамоҳангии амалҳо, бартарияти чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ. Ин принсипҳо нишон медиҳанд, ки амният танҳо фаъолияти мақомоти қудрать нест, ин низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ аст, ки дар он ҳар як шаҳрванд ҳам объект ва ҳам субъекти амният мебошад. Моддаи 4 тасдиқ мекунад, ки «шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, субъектҳои таъмини амният ба шумор рафта, тибқи қонунгузорӣ дорои ҳуқуқу уҳдадориҳо оид ба иштирок намудан дар таъмини амният мебошанд».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дар якчанд моддаҳои худ ин сегона(илмомӯзӣ, ватандӯстӣ ва амният)-ро ба таври ғайримустақим ҳамгиро мекунад:
— Моддаи 6 (таҳдидҳо ба амният): бандҳои «паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯҳои зеҳнӣ дар мамлакат» ҳамчун таҳдиди мустақим ба амният эътироф шудаанд. Ин муҳимтарин муқаррарот аст, зеро он илмомӯзиро ба дараҷаи категорияи амниятӣ расонидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чанд кишварҳои аввалини ИДМ мебошад, ки ин гуна муқарраротро дар қонуни амният ҷой додааст.
— Моддаи 5 (манфиатҳои миллӣ): «тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ» дар як қатор манфиатҳои дараҷаи аввал ҷой гирифтааст. Дар баробари он «таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» зикр шудааст. Ҳар ду бе илмомӯзӣ ғайриимкон аст.
— Моддаи 20 (амнияти ҷамъиятӣ): ташаккули рӯҳияи умумимиллӣ, ки ба ватандӯстӣ ва ризоияти байни миллатҳо асос ёфтааст, ҳамчун вазифаи мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳракҳо муқаррар шудааст. Ин мақомот бояд дар кори худ маводи иттилоотӣ-таҳлилиро оид ба сатҳи ватандӯстии шаҳрвандон ҷамъоварӣ ва таҳлил кунанд, ки бори дигар ба зарурати кадрҳои илмомӯз далолат мекунад.
Аз ин ҷо хулосаи асосӣ бармеояд, ки амнияти воқеӣ бидуни илмомӯзӣ ва ватандӯстии аҳолӣ ғайриимкон аст. Ҳама гуна масрафоти буҷет барои аслиҳа, техника ва мақомоти амният агар шаҳрванд худаш «зулфиёти» экстремизм ва ҷиноят бошад, бесамар хоҳад буд.
Моддаи 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи амният» ба қувваҳои таъмини амният (мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра) уҳдадорӣ муқаррар менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъмини амниятро амалӣ созанд. Аммо қонун махсусан вазифаҳои пешгирикунандаи идеологиро барои ин мақомот муайян накардааст. Масалан, дар моддаи 23 (таъмини амнияти иттилоотӣ) омадааст, ки «паҳн намудани маводи воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ки мазмуни онҳо амнияти миллиро халалдор месозад» манъ аст. Аммо чӣ гуна бояд бо шабакаҳои иҷтимоӣ, ки паёмҳои экстремистиро паҳн мекунанд ва шаҳрвандони бесавод онҳоро ҳамчун «ҳақиқат» қабул мекунанд, мубориза бурд? Ҷавоб: танҳо тавассути баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ ва ҳуқуқии худи шаҳрвандон.
Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи амният» иловае ворид карда шавад, ки мутобиқи он мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маориф, вазоратҳои фарҳанг ва иттилоот, мактабҳо ва донишгоҳҳо барномаҳои солонаи пешгирии идеологии ҷиноятҳои экстремистӣ таҳия ва амалӣ намоянд. Қисми ҷудонашавандаи ин барномаҳо бояд мониторинги сатҳи илмомӯзӣ (дараҷаи шинохти ҳуқуқҳои конститутсионӣ, таърихи миллӣ, забони давлатӣ, асосҳои амнияти иттилоотӣ) дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ бошад.
Таҳлили қонунҳои мавҷуда нишон медиҳад, ки мафҳуми «амнияти маърифатӣ» (ё амнияти зеҳнӣ) ҳанӯз дар қонунгузории миллии Тоҷикистон мавқеи расмии худро наёфтааст. Амнияти маърифатӣ – ин ҳолати муҳофизати шуури инфиродӣ ва ҷамъиятӣ аз таъсири манипулятивӣ, идеологияи экстремистӣ, террористӣ, ғарбгароии нобовар, бесаводии ҳуқуқӣ ва таърихии сунъӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҷанги иттилоотӣ, ки ҳеҷ гоҳ қатъ намешавад, амнияти маърифатӣ ба як рукни муҳими амнияти миллӣ табдил меёбад.
Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси таҳлили қонунҳои болозикр пешниҳод мекунад, ки Консепсияи амнияти маърифатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шавад. Дар ин консепсия бояд муайян гардад, ки объектҳои амнияти маърифатӣ (шуури шаҳрвандон, махсусан ҷавонон; фазои иттилоотии давлатӣ; низоми таълим ва тарбия); таҳдидҳои асосӣ (экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тӯрҳои фишингӣ, таблиғоти муҷозирати ғарбӣ ё шарқӣ); субъектҳои таъмин (мақомоти маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, амният, инноватсия, Институти давлат ва ҳуқуқ); чораҳои вокуниш (маърифатсозӣ, пешгирӣ, таҳлил, дар ҳолати зарурӣ масъулияти ҷиноятӣ).
- Таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» дар вобастагӣ ба амният. Қонуни мазкур, ки соли 2015 қабул шуда, соли 2021 ба он таҳрирҳои ҷиддӣ ворид гардидаанд, дар моддаи 4 мақсади асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи илму техника чунин муайян мекунад: рушди иқтидори илмию техникии кишвар; афзун намудани саҳми илму техника дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ; таҳкими муносибатҳои мутақобилаи илму маориф; рушди инфрасохтори инноватсионӣ; таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат. Ба ибораи дигар, таъмини амният яке аз мақсадҳои марказии сиёсати давлатӣ оид ба илм эълон шудааст.
Моддаи 5 принсипҳои асосии танзими давлатиро дар соҳаи фаъолияти илмӣ муқаррар мекунад. Дар байни онҳо «эътироф намудани илм ҳамчун соҳаи аҳамияти иҷтимоидошта, ки сатҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи кишварро муайян мекунад» принсипи аввалиндараҷа мебошад. Ин мақсад ва принсипҳо, агар самаранок татбиқ шаванд, илмро ба унсури бевоситаи амният табдил медиҳанд.
Қонуни мазкур дар моддаи 1 «рафтори ношоями илмӣ» – сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, асардуздӣ, харидан ва фурӯхтани диссертатсияҳо – ҳамчун амали манъшуда муайян шудааст. Дар моддаи 22 ҳам гуфта мешавад, ки роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ яке аз меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ мебошад. Ин муқарраротҳо хеле муҳиманд, зеро онҳо амнияти зеҳнии миллатро ҳифз мекунанд.
Моддаи 31 қонуни мазкур экспертизаи илмию техникиро тибқи қонуни махсус («Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», 2010) пешбинӣ мекунад. Дар алоқаманди бо таҳқиқоти илмӣ экспертизаи илмию ҳуқуқӣ бояд барои ҳамаи лоиҳаҳои қонунгузорӣ ва санадҳои стратегӣ ҳатмӣ гардад. Аммо дар амал, ин экспертиза ҳамеша пурра ва ҳаматарафа гузаронида намешавад ё онро худи кормандони мақомоти иҷроия гузаронида, ба институтҳои илмӣ танҳо барои «тасдиқ» фиристода мешавад.
Мо пешниҳод менамоем, ки дар назди Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шӯрои коршиносии доимӣ оид ба экспертизаи амниятӣ таъсис дода шавад. Ин Шӯро бояд ҳадди ақал аз 15 нафар олимон (докторони илм) дар соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисод, равоншиносӣ ва иттилоотшиносӣ иборат бошад. Лоиҳаҳои қонунҳои дорои аҳамияти амниятӣ, пеш аз пешниҳод ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман ба ин Шӯро пешниҳод шуда, хулосаи расмии онро гиранд. Ин хулоса ошкоро (ба истиснои мавридҳое, ки сирри давлатӣ дошта бошад) бояд дар сомонаи Институт нашр гардад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (моддаи 18) тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олиро дар аспирантура, докторантура, постдокторантура пешбинӣ кардааст. Аммо кадрҳои илмӣ дар соҳаи амният (масалан, таҳлили таҳдидҳои иттилоотӣ, психологияи терроризм, криминологияи байналмилалӣ) дар Тоҷикистон хеле кам мебошанд. Шумораи рисолаҳои ҳимояшуда дар ихтисоси 5.5.11. Фаъолияти судӣ; Фаъолияти прокурорӣ; Фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ, 5.5.12. Криминалистика; Фаъолияти судӣ-экспертӣ; Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, 5.5.13. Ҳуқуқи инноватсионӣ; Ҳуқуқи иттилоотӣ; Ҳуқуқи рақамӣ, 5.5.15. Ҳуқуқи мурофиаи маданӣ; Ҳуқуқи мурофиаи ҳақамӣ нисбат ба ниёзҳои аслӣ хеле кам аст.
Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии илмии соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар кишвар пешниҳод мекунад, ки квотаи мақсадноки магистратура, аспирантура ва докторантура барои ихтисосҳои болозикр зиёд карда шаванд ва бо мусоидати ниҳодҳои ваколатдор дар назди Институт Шуроҳои диссертасионӣ аз рӯйи ин ихтисосҳо таъсис дода шаванд. Танҳо тавассути тайёр кардани олимони кишвар дар соҳаи амният мо метавонем ба таҳдидҳои нав вокуниши саривақтӣ ва самаранок нишон диҳем.
- Стратегияи «Илмомӯзӣ — ватандӯстӣ — амният». Таҳлили муқоисавии се қонуни асосӣ – «Дар бораи амният», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» – нишон медиҳад, ки гарчанде ҳар қонун ба таври алоҳида пешрафта бошад ҳам, пайвандҳои байнисоҳавӣ дар онҳо кофӣ нест. Масалан:
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» таҳдиди «паст шудани сифати таҳсилот»-ро зикр мекунад, аммо чӣ гуна бояд сифати таҳсилотро андозагирӣ ва назорат кард – муқаррар намекунад.
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» зарурати илмомӯзиро ифода мекунад, аммо механизми ҳуқуқии ҳамкорӣ бо мақомоти амниятро пешбинӣ намекунад.
— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» амниятро ҳамчун мақсад қайд мекунад, аммо амнияти илмӣ ва маърифатиро ҳамчун маҳаки алоҳида муайян накардааст.
Ин ҷудоӣ дар амалия ба он оварда мерасонад, ки ҳар яке аз мақомоти масъул дар доираи вазифаҳои худ амал карда, ҳамкории сусти байнисоҳавиро ба роҳ мемонанд. Барои рафъи ин мушкилот зарур аст, ки санади сатҳи байнисоҳавии ҳуқуқӣ таҳия гардад. Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки дар кишвар Стратегияи миллии «Илмомӯзӣ — ватандӯстӣ — амният» таҳия ва қабул карда шавад. Ин стратегия бояд дорои зерсамтҳои зерин бошад:
Самти 1. Таҳлил ва мониторинг:
— Арзёбии солонаи сатҳи илмомӯзӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон (тавассути санҷишҳо, пурсишҳо, таҳлили мазмун дар шабакаҳои иҷтимоӣ).
— Бунёди махзани ягонаи иттилоотии таҳдидҳои идеологӣ, ки аз ҷониби мақомоти амният ва маориф дар якҷоягӣ ташкил карда мешавад.
Самти 2. Таълим ва омӯзиш:
— Ҷорӣ намудани модули «Амнияти маърифатӣ» дар ҳамаи ихтисосҳои педагогӣ ва ҳуқуқшиносии донишгоҳҳо.
— Ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон оид ба ташхиси барвақти рафтори экстремистӣ дар байни ноболиғон.
— Таҳия ва нашри китобҳои дарсии ягона оид ба ҳуқуқшиносӣ, ватандӯстӣ ва амният барои мактабҳои миёна.
Самти 3. Ташвиқ ва ҳавасмандкунӣ:
— Муқаррар намудани стипендияҳои махсуси «Амният ва ватандӯстӣ» барои донишҷӯёне, ки ба тадқиқоти амниятӣ машғуланд.
— Ҷорӣ намудани ҷоизаи солонаи «Беҳтарин корманди илмии соҳаи амният» бо додани унвони фахрӣ.
Самти 4. Ҳамкории байнисоҳавӣ:
— Таъсиси Шӯрои байнисоҳавии «Илмомӯзӣ — ватандӯстӣ — амният» (дар сатҳи муовинони мақомоти қудратӣ), ки ҳар семоҳа як маротиба ҷамъ омада, натиҷаҳои мониторингро баррасӣ мекунад.
— Ҷорӣ намудани суратмаҷлиси ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ оид ба мубодилаи иттилоот дар бораи шахсоне, ки амалҳои экстремистӣ ё террористӣ содир намудаанд, бидуни вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон.
Самти 5. Таҳияи қонунгузорӣ:
— Таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» бо иловаи моддаи «Амнияти маърифатӣ» (дар он объектҳо, субъектҳо, таҳдидҳо ва чораҳои пешгирикунанда муайян карда шаванд).
— Таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо ворид намудани мафҳумҳои «илмомӯзӣ», «маърифати ҳуқуқӣ», «сатҳи ватандӯстии шаҳрванд» ҳамчун меъёрҳои арзёбии сифати кор дар ин соҳа.
— Таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» бо иловаи модда дар бораи «Экспертизаи амниятии лоиҳаҳои илмӣ ва техникӣ».
Дар ҷамъбасти тадқиқоти хулосаҳои зеринро баён менамоем:
Якум. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавии «Дар бораи амният», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» заминаи ҳуқуқии ҷиддиро барои ҳамгироии сегонаи илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният фароҳам овардаанд. Дар ин санадҳо муқаррароте мавҷуданд, ки паст шудани сифати таҳсилот ва сатҳи пасти зеҳнии аҳолиро ҳамчун таҳдиди бевоситаи амният эътироф мекунанд.
Дуюм. Мафҳуми «амнияти маърифатӣ» (амнияти зеҳнӣ) ҳанӯз дар қонунгузории миллии Тоҷикистон мавқеи расмии худро наёфтааст. Дар шароити ҷанги иттилоотии ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдидҳои экстремистӣ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, ҳифзи шуури инфиродӣ ва ҷамъиятӣ вазифаи афзалиятноки давлат мебошад. Мо пешниҳод менамоем, ки Консепсияи амнияти маърифатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардад.
Сеюм. Дар сатҳи амалӣ, барои ноил шудан ба ҳамгироии воқеии сегона, зарур аст, ки дар мактабҳо ва донишгоҳҳо мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ ва ватандӯстӣ» ҷорӣ карда шавад, барои омӯзгорон курсҳои бозомӯзӣ ташкил гардад, Шӯрои байнисоҳавии «Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният» таъсис дода шавад ва фаъолияти он бо протоколҳои ҳатмӣ таъмин карда шавад.
Дар нихоят, мехоҳам таъкид намоям, ки танҳо шаҳрванди илмомӯз ва ватандӯст метавонад амнияти устувори давлатро таъмин намояд. Ҳеҷ миқдори аслиҳа ва техника, агар дилҳо ва ақлҳои шаҳрвандон ба ҷониби душман ё радикализм майл кунанд, кишварро аз таҳдидҳои беруна ва дохилӣ наҷот намедиҳанд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба илмомӯзӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳлили доимии хатарҳои маърифатӣ сармоягузорӣ ба худи амнияти миллӣ мебошад.
Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор








СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
Дар мавзуи нақши осорхонаҳо дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Олимони тоҷик нахустин маротиба тавозуни массаи зимистонаи пиряхҳоро дар Помир таҳқиқ карданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд






