РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми «Об ва хатарҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити муосир об ва пешгирӣ аз хатарҳои иқлимӣ барои Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, аҳамияти стратегӣ дорад. Чунин иброз намуд муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар Форуми «Об ва хатарҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ», ки 25 май дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Форуми «Об ва хатарҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» ба 115-солагии ба вуҷуд омадани кӯли Сарез бахшида шуда, дар он намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, экологҳо, олимони соҳа иштирок ва сухан намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат афзуд, ки Тоҷикистон давоми се даҳсолаи охир мамлакати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар сайёра эътироф гардидааст. Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳои дахлдор қабул намуд, ки ин санадҳо ҷомеаи ҷаҳонро водор месозанд дар ҳалли масъалаҳои об ва хатарҳои иқлимӣ, хусусан илм, мониторинг ва идоракунӣ тадбирҳои муассир андешанд ва ҳамкориро тақвият диҳанд.
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93 фоизашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Он дорои захираҳои бойи обӣ ва пиряхҳои бузург буда, ба хатарҳои иқлимӣ, аз ҷумла ба амал омадани офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ аст. Таъкид шуд, ки аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, 1000 ададаш об шудааст.
Тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон — сарчашмаи 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ таъсири бевосита мерасонад. Дар форум доир ба таърихи пайдоиши Кӯли Сарез ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар самти насби низоми муосири мониторинг ва огоҳкунандаи пешакӣ иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки илм, мониторинг ва идоракунӣ се рукни муҳими муқовимат ба хатарҳои иқлимӣ мебошанд, ки барои ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, давлатҳои ҷаҳон, хусусан муассисаҳои илмию пажӯҳишӣ дар ин самт бояд бо истифода аз шароити мусоид ҳамкории мутақобили судманд ба роҳ монанд.
Баргузории Форуми «Об ва хатарҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» дар доираи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе ба табодули донишҳо, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва таҳияи тавсияҳои амалӣ барои баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба хатарҳои табиӣ нигаронида шудааст.
Баргузории ин форум ҳамчунин муттаҳид намудани иқтидори илмӣ, сиёсатмадорон ва ҳамкории байналмилалии давлатҳоро дар самти таъмини рушди устувор нишон медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




























Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






