Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

Июнь 16, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар шаҳри Душанбе Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, раиси Шурои мудирони Гуруҳи ҳолдингии байналмилалии «Ал-Инҷаз» Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ вохӯрӣ намуд.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамсуҳбатон вазъи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду давлатро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки ҳаҷми гардиши кунунии савдо байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар сатҳи ибтидоӣ қарор дорад.

Изҳор гардид, ки бо назардошти заминаҳои мусоиди сиёсӣ ва иродаи роҳбарони олии ду давлат, иқтидори бузурги истифоданашудаи иқтисодӣ мавҷуд аст, ки метавонад ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро ба куллӣ афзоиш диҳад.

Дар мулоқот иброз гардид, ки таъсиси Шурои муштараки корӣ ва баргузории ҷаласаҳои он заминаи мусоидро барои эҷоди пули мустақими тиҷоратӣ фароҳам сохтааст.

Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ омодагии тиҷоратии Арабистони Саудиро барои таҳкими ҳамкорӣ ва сармоягузории мустақим ба лоиҳаҳои Тоҷикистон изҳор дошт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатиро дар ҳошияи яке аз намоишгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки баргузории онҳо дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, доир намоянд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 16, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид