Ҳамкории молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд

Июнь 9, 2026 13:19

ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо директори рушди бозори сармояи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Александр Пивоварски баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот вазъи кунунии ҳамкории молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди бозори сармоя мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар солҳои охир ҳамкории судмандро бо бахши хусусӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Инчунин дар ин рӯз мулоқоти Юсуф Маҷидӣ бо директори бахши сохторсозӣ ва фурӯши Фонди табодули асъор Жером Пируз доир гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ҳифзи хатарҳои асъорӣ, дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалии молиявӣ ва истифодаи механизмҳои Фонди табодули асъор барои лоиҳаҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2026 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид