Дар Латвия дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дар ҷаласаи пленарии Шурои мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар ҷаласа Юсуф Маҷидӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, рушди бахши хусусӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Дарозумрӣ, технология ва ояндаи меҳнат дар иқтисодиётҳои мутобиқшаванда» таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сармояи инсонӣ, истифодаи иқтидори демографӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди иқтисоди «сабз» муаррифӣ гардид.
Иштирок дар ҷаласаи солонаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд имконияти муҳими муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва пешбурди манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






