Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад

Июнь 23, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, барои иштирок дар ин ҷашнвора аз 15 июн қабули ҳуҷҷатҳо оғоз шудаанд, ки то 15 сентябр идома меёбад.

Синамоҷашнвораи миллӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор шуда, ба рушди синамои миллӣ, дастгирии синамогарони ҷавон, таблиғи беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик, таҳкими ҳамкории эҷодӣ, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавии мардум доир мегардад.

Дар барнома ҷоизаҳо барои «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин наворбардор» «Беҳтарин рассом», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», «Беҳтарин филмнома барои кӯдакон ва наврасон» ҷоизаи махсуси ҳакамон, таваҷҷуҳи тамошобин ва ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинои тоҷик» муайян карда мешаванд.

Филмҳои бадеӣ, филмҳои кӯтоҳмуддат ва истеҳсоли муштарак барои иштирок кардан ҳақ доранд. Филмҳое, ки дар солҳои 2024–2025 офарида шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, қабул карда мешаванд.

Филмҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи интихобӣ баррасӣ гардида, беҳтаринҳо барои даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Июнь 23, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад