Фарҳод Раҳимӣ: «Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун Пешвои сулҳпарвар ва раҳнамои ваҳдат ҷойгоҳ пайдо намудаанд»
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо қабули ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июни соли 2026 дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» саҳифаи тозае дар таърихи дипломатияи сулҳ, фарҳанги муколама ва масъулияти байнинаслӣ кушода шуд. Ин ташаббус аз доираи як пешниҳоди маъмулии сиёсӣ фаротар рафта, дорои мазмуни амиқи инсоншиносӣ, давлатшиносӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва фалсафӣ мебошад. Зеро сухан дар бораи сулҳ меравад — неъмате, ки ҳастии инсон, бақои давлат, амнияти ҷомеа, рушди иқтисод, камолоти маънавӣ ва ояндаи наслҳоро ба ҳам мепайвандад.
Ҳамзамон боиси тазаккур аст, ки ин иқдом идомаи ҳамин мантиқи сулҳпарварона ва арзишмеҳвари Пешвои миллат аст, ки соли гузашта 6 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамовозии давлатҳои ҳамфикр дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид.
Ин рӯйдоди муҳим на танҳо арҷгузорӣ ба як ёдгории нодири таърихии тамаддуни ориёӣ, балки эътирофи байналмилалии он арзишҳои бунёдие мебошад, ки дар меҳвари фарҳанги куҳани тоҷикон, ба монанди таҳаммулгароӣ, адолат, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ, озодии виҷдон ва ҳамзистии осоишта қарор доранд.
Устувонаи Куруш ҳамчун рамзи қадимаи хирад, инсондӯстӣ ва давлатдории одилона нишон медиҳад, ки андешаи сулҳ, ҳуқуқи инсон ва эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун барои мардуми мо падидаи нав нест, балки реша дар умқи таърихи тамаддуни ориёӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, муколамаи тамаддунҳо ва масъулияти байнинаслӣ идомаи табиии ҳамин мероси маънавӣ буда, сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллатро бо решаҳои таърихиву фарҳангии миллат пайванд медиҳанд; маҳз ҳамин ҷойгоҳ ва нақши таърихии сулҳсозона боис гардид, ки Президенти ҷумҳурӣ Пешвои 25 майи соли 2026 бо Ҷоиза-эътирофномаи сулҳи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гарданд.
Дар маркази ин ташаббусҳо шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд — роҳбаре, ки дар таърихи навини Тоҷикистон на танҳо ҳамчун Сарвари давлат, балки ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари давлатдории тоҷикон, ташаббускори сиёсати созандаи байналмилалӣ ва мубаллиғи фарҳанги ҳамзистии осоишта шинохта шудаанд.
Агар таърих баъзе роҳбаронро бо пирӯзиҳои ҳарбӣ, баъзеро бо ислоҳоти иқтисодӣ ва гурӯҳи дигарро бо иқдомҳои сиёсӣ мешиносад, пас муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама ҳамчун Пешвои сулҳпарвар, раҳнамои ваҳдат ва бунёдгузори мактаби сулҳофарии тоҷикон ҷойгоҳ пайдо кардаанд. Зеро рисолати таърихии Пешвои муаззами миллат дар он зоҳир гардид, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози миллат, вақте ҷумҳурии тозаистиқлоли тоҷикон дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ, парокандагии сиёсӣ, буҳрони маънавӣ ва хатари нобудии давлатдорӣ қарор дошт, ба майдони масъулият қадам гузоштанд ва роҳи наҷотро на дар интиқом, на дар зӯроварӣ ва на дар идомаи муқовимат, балки дар сулҳ, муколама, бахшиш, хирад ва ваҳдати миллӣ ҷустуҷӯ намуданд.
Сарвари давлат мамлакатро аз коми ҷанги шаҳрвандӣ, миллатро аз хатари парокандагӣ, давлатро аз остонаи фурӯпошӣ ва ҷомеаро аз вартаи ноумедӣ берун оварданд. Дар он солҳои сангини таърихӣ, ки ҳар хона захме, ҳар модар дарде, ҳар кӯдак тарсе ва ҳар дил саволе дошт, Пешвои миллат сулҳро ба нури раҳнамо, ваҳдатро ба сутуни давлатдорӣ ва умедро ба неруи созанда табдил доданд. Маҳз бо иродаи сиёсӣ, ҷасорати инсонӣ ва тафаккури давлатсозонаи Пешвои миллат оташи ҷанг хомӯш гардид, гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, ниҳодҳои давлатӣ эҳё шуданд ва миллати тоҷик бори дигар ба худ, ба сарзамини худ ва ба ояндаи худ эътимод пайдо кард.
Аз ҳамин ҷост, ки шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон танҳо ба унвони роҳбари сиёсӣ маҳдуд намешавад. Пешвои миллат рамзи эҳёи давлат, таҷассуми иродаи миллӣ, садои сулҳ ва меъмори фалсафаи нави ваҳдати тоҷикон мебошанд. Сулҳе, ки бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, танҳо қатъи ҷанг набуд. Он бозгашти миллат ба ҳастии таърихии худ, эҳёи имони мардум ба давлат, пирӯзии ақл бар таассуб, сабр бар хашм, муколама бар силоҳ ва оянда бар фоҷиа буд.
Ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» идомаи табиии ҳамин мактаб аст. Ин ташаббус аз таҷрибаи зиндаи миллате сарчашма мегирад, ки талхии ҷанги шаҳрвандиро чашида, баъд бо роҳбарии Пешвои худ роҳи душвори оштӣ, бахшиш, ваҳдат ва давлатсозиро тай кардааст. Аз ин рӯ, вақте Тоҷикистон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар бораи сулҳ сухан мегӯяд, ин сухан танҳо сухани расмии дипломатӣ, изҳори мавқеи сиёсӣ ё баёни як ташаббуси навбатии байналмилалӣ нест.
Ин садои таърихи зиндаи миллатест, ки ҷангро бо чашми худ дидааст, оташи хонумонсӯзи онро аз сар гузаронидааст, талхии гурезагӣ, бехонагӣ, гуруснагӣ, тарс, талафоти ҷонӣ, мотами модарон, ятимии кӯдакон, вайронии деҳаҳо, хомӯшии хонаҳо ва парокандагии хонаводаҳоро дар хотираи худ ҳифз кардааст. Ин сухани миллатест, ки дар солҳои сахти фоҷиа миёни умеду ноумедӣ, миёни ҳастиву нестӣ ва миёни бақову нобудӣ қарор дошт, вале бо хиради таърихӣ, сабри миллӣ, иродаи сулҳофарона ва роҳбарии Пешвои муаззами миллат аз вартаи ҷанг ба соҳили ваҳдат расид.
Тоҷикистон имрӯз дар бораи сулҳ на аз мавқеи назария, балки аз мавқеи таҷрибаи сангин ва ҳақиқати талхи таърих сухан мегӯяд. Зеро ин миллат медонад, ки ҷанг танҳо садои тир нест, балки шикастани дили модар, ларзидани дасти падар, хомӯш шудани хандаи кӯдак, холӣ мондани мактаб, сард шудани танӯри хонадон ва захмӣ гардидани рӯҳи ҷомеа аст. Барои ҳамин, ҳар сухани Тоҷикистон дар бораи сулҳ аз умқи дард, аз хотираи фоҷиа, аз қадри ваҳдат ва аз эҳсоси масъулияти бузург дар назди наслҳои имрӯз ва фардо бармеояд. Сулҳе, ки миллати тоҷик бо заҳмат, ашк, сабр ва хирад ба даст овардааст, барои мо танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки неъмати муқаддас, амонати таърихӣ ва шарти бақои давлату миллат мебошад.
Пешвои миллат ва фалсафаи сулҳофарӣ
Шахсияти сиёсии Пешвои миллатро наметавон танҳо дар қолаби маъмурӣ ё ҳуқуқии «Сарвари давлат» маҳдуд кард. Дар шароити бисёр мураккаб ва сарнавиштсози таърихии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати бузургтар ва фаротар аз масъулияти расмии роҳбариро иҷро намуданд: рисолати наҷоти давлат аз парокандагӣ, миллат аз фоҷиа, ҷомеа аз кинаву ихтилоф ва оянда аз нобоварӣ. Ин рисолат дар ибтидои солҳои тақдирсози истиқлолият ба миён омад, замоне ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ, буҳрони амиқи сиёсӣ, фурӯпошии ниҳодҳои давлатӣ, заъфи эътимоди иҷтимоӣ ва ноумедии мардум қарор дошт.
Дар чунин вазъи ҳассос ва таърихӣ Пешвои миллат ба умқи хиради азалии халқи тоҷик, ба таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, фарҳанги сулҳпарварона ва арзишҳои деринаи ҳамзистии осоишта такя намуданд. Миллати тоҷик ҳамчун яке аз меросдорони тамаддуни куҳанбунёди ориёӣ дар тӯли таърих арзишҳои таҳаммулгароӣ, адолат, эҳтиром ба инсон, ҳамдигарфаҳмӣ, хирадварзӣ ва зиндагии осоиштаро гиромӣ доштааст. Тамаддуни ориёӣ дар моҳияти худ танҳо ёдгории таърихӣ ё ифтихори фарҳангӣ нест, балки низоми маънавиест, ки дар меҳвари он нур, ростӣ, покӣ, созандагӣ, эҳтиром ба зиндагӣ ва пирӯзии хирад бар ҷаҳолат қарор дорад.
Маҳз ҳамин зиракии таърихӣ, хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳҷӯёнаи мардуми тоҷикро Роҳбари давлат сарчашмаи фаъолияти сиёсӣ ва давлатсозии худ қарор доданд. Пешвои миллат хуб дарк намуданд, ки наҷоти Тоҷикистон танҳо бо роҳи зӯр, идоракунии маъмурӣ ё тасмимҳои кӯтоҳмуддат имконпазир нест; роҳи аслии раҳоӣ аз буҳрон дар эҳёи боварӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ, бедор сохтани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва пайвастани ормонҳои давлатӣ бо арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат нуҳуфтааст. Аз ин рӯ, сиёсати сулҳофарин ва ваҳдатсозонаи Пешвои миллат идомаи мантиқии ҳамон суннати ориёии хирад, таҳаммул, созандагӣ ва эҳтиром ба зиндагии осоишта мебошад, ки дар тӯли асрҳо дар шуури таърихии тоҷикон ҷойгоҳи устувор дошт.
Ба ин маъно, Пешвои миллат на танҳо ҳамчун роҳбари сиёсӣ, балки ҳамчун шахсияти таърихсоз, эҳёгари давлатдории миллӣ ва идомадиҳандаи анъанаҳои волои тамаддуни ориёии тоҷикон зуҳур намуданд. Фаъолияти давлатсозиашон нишон дод, ки сулҳ барои миллати тоҷик танҳо як созишномаи сиёсӣ набуда, балки арзиши муқаддаси миллӣ, меъёри ахлоқӣ, ҷавҳари фарҳангӣ ва шарти асосии бақои давлату миллат мебошад. Ҳамин аст, ки дар таҷрибаи навини Тоҷикистон сиёсати сулҳ, ваҳдат ва ҳамзистии осоишта ба пояи устувори давлатдории миллӣ ва ба ифодаи равшани хиради таърихии халқи тоҷик табдил ёфт.
Дар чунин вазъият, раҳбарӣ танҳо идораи сохторҳо набуд; раҳбарӣ маънои ба мардум баргардонидани умед, ба давлат баргардонидани қудрати қонун, ба ҷомеа баргардонидани эътимод ва ба миллат баргардонидани эҳсоси ягонагӣ дошт. Пешвои миллат маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳассос сулҳро ба меҳвари сиёсати давлатӣ табдил доданд. Ин интихоби сиёсӣ дар асл интихоби фалсафӣ буд: интихоби ҳаёт бар марг, муколама бар муқовимат, давлатсозӣ бар вайронгарӣ, ваҳдат бар парокандагӣ ва бахшиш бар интиқом.
Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат аз чанд пояи асосӣ иборат аст. Пояи аввал — эътирофи арзиши мутлақи сулҳ ҳамчун шарти ҳастии давлат ва миллат. Пояи дуюм — бартарӣ додани музокира, таҳаммул ва созиш ба хушунат. Пояи сеюм — пайвастани сулҳ бо адолати иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ, маориф, фарҳанг ва худшиносии миллӣ. Пояи чорум — табдил додани таҷрибаи миллии сулҳ ба паёми байналмилалӣ. Маҳз ҳамин чор поя имкон доданд, ки сулҳи тоҷикон аз як таҷрибаи дохилӣ ба як намунаи омӯзишии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Сулҳ ҳамчун мафҳуми илмӣ ва фалсафӣ
Дар маънои одӣ сулҳ набудани ҷанг аст. Аммо дар маънои илмӣ ва фалсафӣ сулҳ танҳо қатъи тирпарронӣ ё имзои созишнома нест. Сулҳ низоми мураккаби муносибатҳои инсонӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсист, ки дар он инсон худро амн, ҷомеа худро муттаҳид, давлат худро устувор ва оянда худро ҳифзшуда эҳсос мекунад.
Илми ҷомеашиносӣ сулҳро ҳамчун ҳолати тавозуни иҷтимоӣ, эътимоди ҷамъиятӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳо меомӯзад. Илми сиёсатшиносӣ сулҳро натиҷаи фаъолияти ниҳодҳои қавӣ, қонунмандӣ, дипломатия ва идоракунии одилона медонад. Фалсафа бошад, сулҳро яке аз шаклҳои олии камолоти инсонӣ мешуморад, зеро инсон танҳо дар фазои сулҳ метавонад ҳақиқатро ҷустуҷӯ кунад, зебоиро дарк намояд, ахлоқро рушд диҳад, илм биофарад ва фарҳанг созад.
Аз ин ҷиҳат, сулҳ падидаи бисёрқабата аст. Он дорои сатҳи зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад. Сулҳи зоҳирӣ набудани ҷанг, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятиро ифода мекунад. Сулҳи ботинӣ бошад, оромии виҷдон, эҳтиром ба дигарон, қобилияти бахшидан, фарҳанги муколама ва масъулияти ахлоқиро дар бар мегирад. Ҷомеае, ки танҳо сулҳи зоҳирӣ дорад, вале дар он кина, нобаробарӣ, нобоварӣ ва ҷаҳолат боқӣ мондааст, ҳанӯз ба сулҳи комил нарасидааст. Сулҳи ҳақиқӣ он аст, ки ҳам дар давлат, ҳам дар ҷомеа, ҳам дар оила ва ҳам дар ботини инсон ҷой мегирад.
Таҳкими сулҳ — вазифаи якрӯза не, барномаи таърихист
Моҳияти ташаббуси Пешвои миллат маҳз дар ибораи «таҳкими сулҳ» равшан мегардад. Сулҳро танҳо эълон кардан кофӣ нест; онро бояд мустаҳкам намуд. Сулҳро танҳо бо санад нигоҳ доштан имкон надорад; онро бояд ба фарҳанг, ба ҷаҳонбинӣ, ба низоми таълим, ба муносибатҳои иҷтимоӣ ва ба ахлоқи шаҳрвандӣ табдил дод.
Таҳкими сулҳ дар маънои амиқи худ танҳо нигоҳ доштани оромии зоҳирӣ нест, балки шинохтан, дарк кардан ва пешгирӣ намудани решаҳои пинҳони низоъ мебошад. Ҳар ҷанг пеш аз он ки дар майдонҳо оғоз ёбад, аввал дар зеҳнҳо, дар эҳсосот, дар нобаробарӣ, дар ноадолатӣ, дар ҷаҳолат ва дар шикастани эътимоди инсон ба инсон пайдо мешавад. Низоъ ногаҳон аз ҳеҷ ба вуҷуд намеояд. Он солҳо дар сукути ҷомеа, дар камтаваҷҷуҳӣ ба дарди мардум, дар заъфи муколама, дар беэътиноӣ ба адолат, дар маҳдуд шудани имкониятҳо, дар бесаводӣ, дар фақр, дар таассуб, дар ифротгароӣ ва дар сиёсисозии эҳсосоти мардум реша медавонад.
Аз ин рӯ, сулҳро наметавон танҳо бо неруи қонун, бо тадбирҳои амниятӣ ё бо назорати зоҳирӣ ҳифз намуд. Албатта, амният шарти муҳим аст, аммо сулҳи устувор аз амнияти ботинии ҷомеа оғоз меёбад. Ҷомеа вақте сулҳомез мегардад, ки инсон худро шунидашуда, қадршуда, ҳимояшуда ва шарики сарнавишти умумӣ эҳсос намояд. Агар дар ҷомеа нобаробарӣ амиқ гардад, агар ҷавонон худро дур аз имкониятҳо бинанд, агар занон аз саҳмгузорӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ канор монанд, агар маориф заиф шавад, агар фарҳанг ҷойи худро ба ҷаҳолат диҳад ва агар сухани муколама бо забони нафрат иваз гардад, пояҳои сулҳ тадриҷан суст мешаванд.
Бинобар ин, сиёсати сулҳ танҳо сиёсати амниятӣ нест. Он пеш аз ҳама сиёсати инсонсозӣ, маърифатсозӣ ва эътимодсозист. Сулҳ дар мактаб тарбия меёбад, дар оила реша мегирад, дар фарҳанг маъно пайдо мекунад, дар иқтисод бо адолат мустаҳкам мешавад, дар қонун бо баробарӣ ҳифз мегардад, дар сиёсати ҷавонон бо умед зинда мемонад, дар сиёсати занон бо меҳрубонӣ ва масъулият амиқтар мешавад, дар иттилоот бо ростӣ ва масъулияти сухан нигоҳдорӣ мегардад ва дар дипломатия ба забони ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо табдил меёбад.
Аз нигоҳи фалсафӣ, таҳкими сулҳ маънои табобати решаҳои ранҷи иҷтимоиро дорад. Ҷомеае, ки танҳо нишонаҳои низоъро мебинад, дер ё зуд боз бо ҳамон хатар рӯ ба рӯ мешавад. Аммо ҷомеае, ки сабабҳои низоъро мефаҳмад, дардро пеш аз фоҷиа мешиносад ва захмро пеш аз хуншор шудан дармон мекунад, метавонад сулҳро ба фарҳанги устувори зиндагӣ табдил диҳад. Сулҳи воқеӣ он вақт пойдор мегардад, ки адолат ба эҳсоси умумӣ, дониш ба сипари маънавӣ, фарҳанг ба пули ҳамдигарфаҳмӣ, иқтисод ба заминаи баробарии имкониятҳо ва давлат ба макони эътимоди шаҳрвандон табдил ёбад.
Маҳз дар ҳамин маъно, таҳкими сулҳ вазифаи як ниҳод ё як соҳа нест. Ин рисолати умумимиллӣ ва умумибашарист. Он аз давлат масъулият, аз ҷомеа ҳушёрӣ, аз зиёиён андеша, аз омӯзгорон тарбия, аз ҷавонон ояндабинӣ, аз расонаҳо ростқавлӣ, аз сиёсатмадорон хирад ва аз ҳар инсон виҷдони бедор талаб мекунад. Зеро сулҳ танҳо вақте устувор мешавад, ки ҷомеа на танҳо аз ҷанг битарсад, балки аз решаҳои ҷанг низ огоҳ бошад ва онҳоро бо дониш, адолат, фарҳанг, муколама ва муҳаббат ба инсон пешгирӣ намояд.
Маҳз ҳамин ҷанба ташаббуси Тоҷикистонро аз сатҳи шиор ба сатҳи барномаи ҷаҳонӣ мебардорад. «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» метавонад ҷаҳонро ба он водор созад, ки сулҳро на танҳо дар лаҳзаи сар задани ҷангҳо, балки пеш аз пайдоиши онҳо андеша кунад. Ҷаҳон бояд сулҳро пешгирӣ кунад, на танҳо ҷангро хотима диҳад. Ин фарқияти муҳимтарин байни сиёсати кӯтоҳмуддати зиддиҷангӣ ва фалсафаи дарозмуддати сулҳофарӣ мебошад.
Наслҳои оянда ҳамчун меъёри ахлоқи сиёсӣ
Яке аз ҷанбаҳои навоваронаи ташаббус он аст, ки сулҳро бо мафҳуми «наслҳои оянда» мепайвандад. Ин пайванд масъалаи сулҳро ба сатҳи масъулияти байнинаслӣ мебардорад. Дар фалсафаи иҷтимоӣ масъулияти байнинаслӣ маънои онро дорад, ки насли имрӯз ҳақ надорад бо қарорҳо, ҷангҳо, ихтилофҳо, истеъмоли беандоза ва сиёсати кӯтоҳандешона ояндаи наслҳои баъдиро хароб созад.
Наслҳои оянда ҳанӯз дар майдони сиёсат овоз надоранд, аммо ахлоқи сиёсӣ моро вазифадор мекунад, ки манфиати онҳоро ба назар гирем. Кӯдаке, ки баъд аз даҳ ё бист сол ба дунё меояд, имрӯз дар парлумон, дар созмонҳои байналмилалӣ ва дар музокироти дипломатӣ ҳузур надорад. Вале қароре, ки имрӯз қабул мешавад, метавонад ба сарнавишти ӯ таъсир гузорад. Аз ин рӯ, сулҳ танҳо ҳуқуқи насли имрӯз нест; сулҳ амонатест, ки мо бояд ба оянда солим супорем.
Дар ҳамин маъно, ташаббуси Пешвои миллат хусусияти амиқи фалсафӣ дорад. Он ба инсоният мегӯяд: мо танҳо соҳибони замони худ нестем, балки посдорони фардоем. Мо танҳо барои имрӯзи худ масъул нестем, балки барои он ҷаҳоне низ масъулем, ки ба фарзандони худ мегузорем. Агар мо сулҳро таҳким набахшем, ояндаро ноамн мегузорем. Агар сулҳро ба фарҳанг табдил диҳем, ба наслҳои оянда на танҳо давлатҳо, шаҳрҳо ва захираҳо, балки муҳити боэътимоди зиндагӣ мерос мегузорем.
Сулҳ барои тоҷикон — хотира, дард ва ифтихор
Барои мо, тоҷикон, сулҳ мафҳуми назариявӣ нест. Сулҳ дар хотираи таърихии мо бо ашки модарон, оворагии хонаводаҳо, хомӯшии хонаҳо, талафоти инсонӣ, шикасти орзуҳо ва ранҷи ҷанги шаҳрвандӣ пайванд дорад. Мо сулҳро аз китоб наомӯхтем; мо сулҳро аз байни дард шинохтем. Аз ин рӯ, ҳар сухан дар бораи сулҳ барои миллати тоҷик садои таърих, садои виҷдон ва садои масъулият аст.
Ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки фурӯпошии сулҳ то чӣ андоза метавонад давлатро заиф, ҷомеаро пароканда ва инсонро бепаноҳ созад. Аммо таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҳатто пас аз шикастҳои сахт низ роҳи бозгашт ба ваҳдат вуҷуд дорад, агар роҳбарияти сиёсӣ ҷасорати бахшиш, хирад, сабр ва иродаи таърихӣ дошта бошад. Дар ин раванд нақши Пешвои миллат сарнавиштсоз буд. Маҳз бо роҳбарии ӯ идеяи сулҳ аз орзу ба сиёсат, аз сиёсат ба созишнома, аз созишнома ба ваҳдат ва аз ваҳдат ба давлатсозии навин табдил ёфт.
Имрӯз вақте Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси сулҳ пешниҳод мекунад, дар асл аз таҷрибаи зиндаи худ, аз хотираи пурдарди таърихи худ ва аз сабақҳои талхи сарнавишти миллии худ сухан мегӯяд. Мо сулҳро танҳо ҳамчун мафҳуми сиёсӣ ё истилоҳи дипломатӣ намешиносем. Мо онро аз байни дуди ҷанг, аз хомӯшии хонаҳои вайрон, аз ашки модарони фарзандгумкарда, аз нигаронии падарони бепаноҳ, аз оворагии хонаводаҳо, аз талхии гуруснагӣ, аз шабҳои пуризтироб ва аз солҳои пур аз тарсу нобоварӣ дарёфтаем. Мо медонем, ки ҷанг чӣ гуна оғоз мешавад, чӣ гуна аввал дар забонҳо тухми кина мекорад, баъд дар дилҳо девори бегонагӣ месозад ва ниҳоят зиндагиро мешиканад, хонаҳоро холӣ мекунад, мактабҳоро хомӯш месозад, роҳҳоро мебандад, оилаҳоро пароканда менамояд ва ҷомеаро даҳсолаҳо аз роҳи рушд, созандагӣ ва оромӣ бозмедорад.
Мо медонем, ки ҷанг танҳо садои тир ва таркиши силоҳ нест. Ҷанг фурӯ рехтани эътимод аст. Ҷанг шикастани пайванди бародарӣ аст. Ҷанг ятим мондани кӯдак, бесаробон мондани модар, саргардон шудани падар, гуреза шудани инсон дар хоки худ ва бегона шудани ҳамватан аз ҳамватан аст. Ҷанг вақте ба сари миллат меояд, на танҳо биноҳоро вайрон мекунад, балки руҳро захмӣ месозад, хотираро месӯзонад ва умедро ба имтиҳони сахт мегузорад. Аз ин рӯ, барои миллати тоҷик сулҳ як неъмати одӣ нест, балки бозгашти нафаси зиндагӣ, эҳёи умед, зинда шудани имон ба фардо ва аз нав барқарор гардидани эътимоди инсон ба инсон мебошад.
Мо ҳамчунин медонем, ки сулҳ чӣ гуна барқарор мешавад. Сулҳ бо сухани нарм, бо хиради баланд, бо гузашти бузург, бо муколамаи самимӣ, бо эҳтиром ба қонун, бо эҳтиром ба инсон, бо дарки масъулият дар назди Ватан ва бо роҳбарии хирадмандонаю масъулиятшинос ба даст меояд. Сулҳ он вақт устувор мегардад, ки ҷои кинаро бахшиш, ҷои тарсро эътимод, ҷои парокандагиро ваҳдат ва ҷои ноумедиро нияти созанда ишғол намояд. Таҷрибаи Тоҷикистон собит сохт, ки ҳатто пас аз солҳои сахти фоҷиа низ роҳи бозгашт ба оромӣ вуҷуд дорад, агар миллат хирадро аз эҳсос боло гузорад, агар давлат роҳи адолатро пеш гирад ва агар дар саргаҳи ин раванд Пешвои сулҳпарвару масъулиятшинос қарор дошта бошанд.
Ташаббуси сулҳ дар идомаи дипломатияи созандаи Тоҷикистон
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият як хатти равшан мушоҳида мешавад: Тоҷикистон масъалаҳоеро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ мебарорад, ки барои бақои инсон ва рушди устувори сайёра аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва акнун таҳкими сулҳ нишон медиҳанд, ки дипломатияи Тоҷикистон хусусияти башардӯстона, созанда ва ояндабин дорад.
Ин ташаббусҳо бо ҳам робитаи мантиқӣ доранд. Об асоси ҳаёти биологист. Пиряхҳо захираи стратегии об ва иқлиманд. Рушди устувор шарти зиндагии шоистаи иҷтимоӣ ва иқтисодист. Сулҳ бошад, асоси маънавӣ ва сиёсӣ барои амалӣ шудани ҳамаи ин ҳадафҳо мебошад. Бе сулҳ на об дуруст идора мешавад, на иқтисод рушд мекунад, на илм пеш меравад, на муҳити зист ҳифз мегардад ва на инсон ба оянда эътимод пайдо мекунад.
Аз ин рӯ, ташаббуси сулҳомези Пешвои миллатро метавон марҳалаи нави дипломатияи масъулиятшиноси Тоҷикистон номид. Ин дипломатия танҳо ҳимояи манфиатҳои миллӣ нест; он пешниҳоди саҳми миллӣ дар ҳалли масъалаҳои умумибашарист. Тоҷикистон аз мамлакати кӯҳсор, вале дорои таҷрибаи бузурги сулҳ, ба ҷаҳон паёме медиҳад: сулҳро бояд пеш аз он ҳифз кард, ки инсоният арзиши онро дар харобаҳои ҷанг дубора дарк кунад.
Сулҳ, давлат ва адолат
Сулҳи устувор бе давлатдории қавӣ имкон надорад. Давлат ниҳоди марказии танзими манфиатҳо, ҳифзи ҳуқуқ, таъмини амният ва нигоҳдории тартиботи иҷтимоӣ мебошад. Аммо давлат танҳо бо қудрат сулҳро таъмин карда наметавонад; давлат бояд бо адолат, қонун, хизмат ба мардум ва эътимоди шаҳрвандон мустаҳкам бошад.
Фалсафаи давлатдории Пешвои миллат дар ҳамин ҷо равшан мегардад: сулҳ ва давлатсозӣ ду ҷараёни ҷудогона нестанд. Давлат бе сулҳ фалаҷ мешавад; сулҳ бе давлат нигоҳи устувор намеёбад. Аз ин рӯ, пас аз барқарорсозии сулҳ дар Тоҷикистон раванди таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, эҳёи иқтисод, рушди маориф, ҳифзи фарҳанг, таъмини амният ва боло бурдани худшиносии миллӣ оғоз гардид. Ин раванд нишон дод, ки сулҳ бояд ба созандагӣ табдил ёбад; вагарна он танҳо таваққуфи муваққатии низоъ мемонад.
Дар ин замина, ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон метавонад ба ҷаҳон хотиррасон кунад, ки сулҳ танҳо масъалаи қатъи низоъ нест. Сулҳ ба адолат, қонун, маориф, иқтисод, фарҳанг ва масъулияти роҳбарӣ ниёз дорад. Ҷомеаи сулҳомез ҷомеаест, ки дар он инсон худро соҳибэҳтиром, қонун худро соҳибқудрат, давлат худро хизматгузори мардум ва оянда худро ҳифзшуда эҳсос мекунад.
Маориф ва фарҳанги сулҳ
Ҳеҷ сулҳе устувор намешавад, агар он ба шуури наслҳо ворид нагардад. Мактаб, донишгоҳ, оила, адабиёт, расонаҳо ва фазои фарҳангӣ бояд сулҳро ҳамчун арзиши бунёдӣ тарбия намоянд. Насле, ки таърихи ҷангро намедонад, метавонад арзиши сулҳро кам эҳсос кунад. Насле, ки фарҳанги муколама надорад, метавонад ба забони нафрат одат кунад. Насле, ки тафаккури интиқодӣ ва ахлоқи шаҳрвандӣ надорад, метавонад қурбони таблиғ, ифротгароӣ ва фиреби иттилоотӣ гардад.
Аз ин рӯ, даҳсолаи байналмилалии сулҳ бояд танҳо дар сатҳи ҳамоишҳои сиёсӣ маҳдуд намонад. Он бояд ба барномаҳои таълимӣ, таҳқиқоти илмӣ, тарбияи ҷавонон, ташаббусҳои занон, муколамаи байнифарҳангӣ, таҳияи китобҳо, филмҳо, конфронсҳо, лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва маърифати рақамӣ роҳ ёбад. Сулҳ бояд аз минбар ба синфхона, аз санад ба ҷаҳонбинӣ ва аз шиор ба рафтори ҳаррӯзаи шаҳрвандон гузарад.
Дар ин раванд ҷавонон ҷойгоҳи марказӣ ва сарнавиштсоз доранд. Зеро маҳз ҷавонон насли бунёдгари солҳои 2027–2036 ва давраҳои минбаъда мебошанд. Онҳо танҳо идомадиҳандагони зиндагии имрӯз нестанд, балки соҳибони фардо, ҳомилони умеди миллат, меросбарони сулҳ ва офарандагони тамаддуни нави инсонӣ ба шумор мераванд. Агар имрӯз дар зеҳни ҷавонон тухми сулҳ, ваҳдат, таҳаммул, хирад, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба инсон кошта шавад, фардо ҷомеа аз дарун мустаҳкам, давлат устувор, миллат муттаҳид ва оянда равшан хоҳад буд.
Ҷавонон неруи зиндаи таъриханд. Ҳар давра бо орзу, андеша, ҷасорат ва ҷаҳонбинии ҷавонони худ шакл мегирад. Агар ҷавон сулҳро танҳо ҳамчун калимаи расмӣ бишиносад, он дар зиндагии ӯ ба арзиш табдил намеёбад. Аммо агар ҷавон сулҳро ҳамчун эҳтиёҷи ботинӣ, ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ, ҳамчун қарз дар назди Ватан ва ҳамчун амонат дар назди наслҳои баъдӣ дарк намояд, он гоҳ сулҳ аз сатҳи шиор ба сатҳи эътиқод, аз сатҳи эътиқод ба сатҳи рафтор ва аз сатҳи рафтор ба фарҳанги умумимиллӣ табдил меёбад.
Маҳз ҷавонон бояд дарк кунанд, ки сулҳ танҳо кори сиёсатмадорон, дипломатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ нест. Сулҳ аз сухани ҳаррӯзаи инсон оғоз мешавад. Сулҳ аз муносибати ҷавон ба падару модар, ба устод, ба ҳамсабақ, ба ҳамватан, ба намояндаи фарҳанг ва андешаи дигар оғоз мегардад. Сулҳ дар он лаҳза пайдо мешавад, ки ҷавон ба ҷои нафрат фаҳмишро интихоб мекунад, ба ҷои таассуб донишро, ба ҷои бегонасозӣ ҳамзистиро, ба ҷои хушунат муколамаро ва ба ҷои бетарафӣ масъулиятро пеш мегузорад.
Дар асри иттилоот, ки фикру андешаи ҷавонон ҳар рӯз зери таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷараёнҳои гуногуни мафкуравӣ, таблиғоти ифротӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ қарор мегирад, тарбияи фарҳанги сулҳ аҳамияти дучанд пайдо мекунад. Ҷавоне, ки таърихи миллати худро медонад, ранҷҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш намекунад, қадри ваҳдати миллиро мешиносад ва сулҳро ҳамчун неъмати муқаддас эҳсос менамояд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи даъватҳои харобкор, забони нафрат ва андешаҳои тафриқаангез намегардад. Чунин ҷавон на танҳо муҳофизи сулҳ, балки мубаллиғи сулҳ, созандаи сулҳ ва посбони маънавии ояндаи миллат хоҳад буд.
Аз ин рӯ, сулҳро бояд омӯзонд, шарҳ дод, эҳсос намуд, таҷриба кард ва ба воситаи илм, фарҳанг, адабиёт, таърих, ахлоқ, маориф ва тарбияи шаҳрвандӣ ба ҷаҳонбинии устувори насли нав табдил дод. Сулҳ бояд дар китобҳои дарсӣ, дар сухани омӯзгор, дар муҳити донишгоҳ, дар фаъолияти созмонҳои ҷавонон, дар расонаҳо, дар оила ва дар фазои рақамӣ ҷойгоҳи воқеӣ пайдо кунад. Зеро сулҳ вақте устувор мешавад, ки он танҳо дар санадҳо набошад, балки дар шуури ҷавонон, дар виҷдони онҳо, дар интихобҳои ҳаррӯзаи онҳо ва дар муҳаббати онҳо ба Ватан зинда бошад.
Ҳамин аст, ки ҷавонон дар татбиқи ғояи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» на тамошобин, балки иштирокчии фаъол ва неруи пешбаранда мебошанд. Онҳо бояд насли сулҳпарвар, насли созанда, насли хирад, насли ваҳдат ва насли масъулият шаванд. Зеро фардои сулҳомези инсоният аз имрӯз дар қалб ва андешаи ҷавонон оғоз меёбад.
Сулҳ дар замони таҳдидҳои нав
Асри XXI мафҳуми сулҳро бо имтиҳонҳои нав ва бисёрпечида рӯ ба рӯ кардааст. Агар дар гузашта таҳдид ба сулҳ бештар дар шакли ҷанги ошкор, ҳуҷуми низомӣ ва муқовимати мусаллаҳона зуҳур мекард, имрӯз хатари нооромӣ метавонад ноаёнтар, пинҳонтар ва аз ҷиҳати таъсир харобиовартар бошад. Ҷангҳои иттилоотӣ метавонанд пеш аз тирпарронӣ зеҳнҳоро тасхир кунанд, кибертаҳдидҳо метавонанд бе садои силоҳ низоми идоракунӣ, иқтисод ва амнияти давлатҳоро халалдор созанд, забони нафрат метавонад дар фазои маҷозӣ аввал калима шавад, баъд кина гардад ва ниҳоят ба ҷудоӣ, бегонагӣ ва низоъ роҳ кушояд. Ифротгароии маҷозӣ, бегонасозии фарҳангӣ, рақобатҳои шадиди геосиёсӣ, тағйирёбии иқлим, муҳоҷират, нобаробарии иҷтимоӣ, камбизоатӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ ҳар кадом метавонанд мисли шикофи ноаён дар девори ҷомеа пайдо шаванд ва агар сари вақт дарк нашаванд, пояҳои эътимод, ҳамбастагӣ ва суботи ҷамъиятиро заиф созанд.
Дар чунин шароит сулҳ дигар танҳо масъалаи хомӯшии силоҳ ё набудани ҷанг нест. Сулҳ ба ҳолати мураккаби ҳастии инсон ва ҷомеа табдил ёфтааст, ки дар он амнияти фикрӣ, амнияти иттилоотӣ, амнияти фарҳангӣ, адолати иҷтимоӣ, тавозуни иқтисодӣ, эҳтироми инсон ва масъулияти ахлоқӣ нақши баробар доранд. Ҷомеае метавонад дар зоҳир ором бошад, аммо агар дар зеҳни мардум тарс, дар муносибатҳои иҷтимоӣ нобоварӣ, дар фазои иттилоотӣ нафрат, дар зиндагии иқтисодӣ нобаробарӣ ва дар фарҳанг эҳсоси бегонагӣ афзоиш ёбад, ин оромӣ устувор нахоҳад буд. Сулҳи ҳақиқӣ танҳо дар марзҳо посбонӣ намешавад, балки дар қалбҳо, дар шуурҳо, дар мактабҳо, дар расонаҳо, дар оилаҳо, дар интернет ва дар муносибати ҳаррӯзаи инсон бо инсон ҳифз мегардад.
Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ дар асри XXI маънои хеле васеътар ва амиқтар гирифтааст. Он на танҳо пешгирии ҷанг, балки пешгирии нафрат, ҷаҳолат, ифрот, беадолатӣ, фақр, нобаробарӣ, фиреби иттилоотӣ ва шикасти эътимод мебошад. Таҳкими сулҳ имрӯз маънои тарбияи инсонеро дорад, ки ба ҷои душманӣ муколама интихоб мекунад, ба ҷои таассуб хирадро мепазирад, ба ҷои бегонасозӣ ҳамзистиро меомӯзад ва ба ҷои харобкорӣ масъулияти созандагиро ба дӯш мегирад. Дар чунин ҷаҳони пуртазод сулҳ дигар танҳо орзуи башар нест, балки шарти зинда мондани тамаддун, меъёри камолоти сиёсӣ ва амонати муқаддаси наслҳои имрӯз дар назди наслҳои оянда мебошад.
Сулҳи муосир танҳо дар сарҳадҳо ҳифз намешавад; он дар фазои рақамӣ, дар зеҳни ҷавонон, дар низоми маориф, дар муносибатҳои иҷтимоӣ, дар иқтисоди одилона ва дар дипломатияи пешгирикунанда ҳифз мегардад. Ҳар паёми нафратангез, ҳар маълумоти бардурӯғ, ҳар сухани тафриқаандоз ва ҳар беэътиноӣ ба адолати иҷтимоӣ метавонад ба тухми низоъ табдил ёбад. Аз ин рӯ, даҳсолаи сулҳ бояд фарҳанги масъулияти иттилоотӣ, саводи расонаӣ ва ахлоқи муоширати рақамиро низ фаро гирад.
Ин нукта махсусан барои ҷомеаҳои ҷавон муҳим аст. Ҷавонон бояд биомӯзанд, ки озодии сухан бо масъулияти сухан ҳамроҳ аст; гуногунандешӣ маънои душманӣ надорад; танқид бояд созанда бошад; ватандорӣ бо эҳтиром ба сулҳ ва қонун оғоз меёбад. Чунин ҷаҳонбинӣ ҷомеаро аз ифрот, таассуб ва парокандагӣ эминтар месозад.
Паёми Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ
Ташаббуси Пешвои миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми равшан медиҳад: сулҳ бояд аз сатҳи вокуниш ба сатҳи пешгирӣ, аз сатҳи санад ба сатҳи фарҳанг, аз сатҳи сиёсат ба сатҳи ахлоқи башарӣ бардошта шавад. Ҷаҳон имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ба чунин нигоҳ ниёз дорад. Зеро дар шароити афзоиши низоъҳо ва буҳронҳои ҷаҳонӣ инсоният бояд аз худ бипурсад: оё мо ҳақ дорем, ки фардои фарзандонамонро қурбони манфиатҳои кӯтоҳмуддати имрӯз созем?
Тоҷикистон бо ин ташаббуси башардӯстона ва ояндасоз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо як пешниҳоди сиёсӣ, балки таҷрибаи зиндаи таърихӣ, модели нодири сулҳофарӣ ва фалсафаи амалии ваҳдатро пешниҳод мекунад. Ин таҷриба аз китобҳо, назарияҳои холис ё тасаввуроти идеалӣ сарчашма намегирад, балки аз воқеияти сарнавишти миллате бармеояд, ки ҷангро дидааст, парокандагиро эҳсос кардааст, дар остонаи фурӯпошии давлатдорӣ қарор гирифтааст ва баъд бо ирода, хирад, сабр, гузашт ва роҳбарии масъулиятшиносона ба сулҳ, ваҳдат ва созандагӣ расидааст. Аз ин рӯ, паёми Тоҷикистон ба ҷаҳон паёми таҷрибаи санҷидашуда аст: сулҳ имконпазир аст, агар иродаи сиёсӣ аз манфиатҳои кӯтоҳмуддат болотар гузошта шавад, ваҳдат имконпазир аст, агар хирад бар эҳсосоти харобкор ғолиб ояд, созандагӣ имконпазир аст, агар роҳбарӣ рисолати худро на дар идораи ҳолати мавҷуда, балки дар наҷот, эҳё ва бунёди фардо дарк намояд.
Аз нигоҳи илмӣ, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо натиҷаи қатъи амалиёти мусаллаҳона нест. Сулҳ низоми мураккаби муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маънавист, ки дар он давлат, ҷомеа ва инсон бояд дубора ба ҳам эътимод пайдо кунанд. Пас аз ҳар низоъ на танҳо роҳҳо, пулҳо ва биноҳо, балки эътимод, хотира, ахлоқ, робитаҳои иҷтимоӣ ва ҳисси мансубияти миллӣ низ эҳё мехоҳанд. Тоҷикистон дар таҷрибаи худ собит намуд, ки сулҳи ҳақиқӣ вақте устувор мегардад, ки он бо давлатсозӣ, адолат, маориф, рушди иқтисодӣ, эҳёи фарҳанг, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба инсон пайваст шавад.
Аз нигоҳи фалсафӣ, ин ташаббус ба ҷаҳон мефаҳмонад, ки сулҳ танҳо масъалаи сиёсати хориҷӣ ё амнияти байналмилалӣ нест, балки масъалаи маънои ҳастии инсон аст. Инсон танҳо дар фазои сулҳ метавонад андеша кунад, эҷод намояд, фарзанд тарбия кунад, илм омӯзад, фарҳанг офарад ва оянда созад. Ҷомеае, ки аз сулҳ маҳрум мегардад, пеш аз ҳама аз имкони фардо маҳрум мешавад. Бинобар ин, сулҳ на танҳо ҳадаф, балки шарти зиндагии шоиста, шарти рушди тамаддун ва меъёри камолоти сиёсиву ахлоқии башарият мебошад.
Тоҷикистон бо ин ташаббус ба ҷаҳон мегӯяд, ки оянда низ имконпазир аст, агар насли имрӯз рисолати худро дарк кунад. Рисолати насли имрӯз танҳо истифода бурдани неъматҳои замон нест, балки ҳифз намудани амонати сулҳ барои онҳое мебошад, ки ҳанӯз ба дунё наомадаанд. Ҳар насл дар назди таърих имтиҳони худро дорад. Имтиҳони насли мо аз он иборат аст, ки оё мо метавонем сулҳро аз сатҳи шиор ба сатҳи фарҳанг, аз сатҳи санад ба сатҳи эътиқод ва аз сатҳи сиёсати рӯзмарра ба сатҳи масъулияти байнинаслӣ бардорем ё не.
Маҳз ҳамин маънӣ ташаббуси Тоҷикистонро дорои аҳамияти умумибашарӣ мегардонад. Он ба давлатҳо, ҷомеаҳо ва инсонҳо хотиррасон мекунад, ки сулҳ падидаи худҷӯш ва абадӣ нест. Сулҳро бояд парвариш кард, муҳофизат намуд, бо адолат мустаҳкам сохт, бо дониш равшан кард, бо фарҳанг зебоӣ бахшид ва бо масъулияти ахлоқӣ ба наслҳои оянда супорид. Тоҷикистон бо таҷрибаи худ собит мекунад, ки ҳатто аз байни фоҷиа низ роҳи эҳё вуҷуд дорад, аз байни парокандагӣ роҳи ваҳдат пайдо мешавад ва аз байни дард метавонад фалсафаи бузурги сулҳ ба вуҷуд ояд, агар миллат ирода дошта бошад, роҳбарӣ масъулиятшинос бошад ва ҷомеа арзиши фардоро аз кинаи гузашта болотар гузорад.
Ин паём аз ҷониби мамлакате садо медиҳад, ки сулҳро ҳамчун арзиши зинда эҳсос мекунад. Маҳз ҳамин ҷиҳат ба ташаббуси Тоҷикистон қувваи маънавӣ мебахшад. Он на як матни хушку расмӣ, балки даъвати як миллат ба инсоният аст: ҷангро пеш аз он боздоред, ки он руҳи инсонро захмӣ кунад; сулҳро пеш аз он ҳифз кунед, ки ҷаҳон аз даст додани онро бо фоҷиа эҳсос намояд.
Сулҳ ҳамчун рисолати инсон дар назди фардо
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз муҳимтарин иқдомҳои башардӯстона ва ояндасози замони муосир ба шумор меравад. Ин ташаббус реша дар таҷрибаи миллии сулҳи тоҷикон, иродаи таърихии Пешвои миллат, фарҳанги ваҳдати миллӣ ва дипломатияи созандаи Тоҷикистон дорад.
Моҳияти ин ташаббус дар он аст, ки сулҳро аз ҳудуди як масъалаи сиёсӣ берун оварда, ба мақоми арзиши универсалии инсонӣ ва масъулияти байнинаслӣ мебардорад. Сулҳ дар ин ҷо на танҳо набудани ҷанг, балки шарти ҳастии инсон, заминаи давлатдорӣ, асоси рушди устувор, фазои камолоти маънавӣ ва амонати муқаддас барои наслҳои оянда мебошад.
Барои миллати тоҷик сулҳ дарси таърих, захми хотира, ифтихори миллӣ ва пояи давлатдорист. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, ин ташаббус хотиррасон мекунад, ки ояндаи башарият на танҳо ба технология, иқтисод ва сиёсат, балки ба қобилияти сулҳомез зистан, ҳамдигарро шунидан, адолатро эҳтиром кардан ва масъулияти худро дар назди наслҳои оянда дарк намудан вобаста аст.
Қабули ин ташаббуси таърихӣ ва башардӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» равона гардидааст, ба тамоми ҳаммиллатон, ҳамватанони азиз, тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳамаи инсонҳои сулҳдӯсту некандеши ҷаҳон самимона табрик бояд гуфт. Ин рӯйдод танҳо як муваффақияти дипломатии Тоҷикистон нест. Ин пирӯзии андешаи сулҳ бар мантиқи ҷанг, пирӯзии хирад бар хушунат, пирӯзии фарҳанги ваҳдат бар руҳияи парокандагӣ ва пирӯзии масъулияти инсонӣ дар назди наслҳои оянда мебошад.
Мардуми Тоҷикистон ҳақ доранд, ки бо чунин Пешвои сулҳпарвар, ташаббускор, дурбин ва ояндасоз ифтихор намоянд. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти таърихии худ борҳо собит намуданд, ки сиёсати бузург аз эҳсоси масъулият дар назди инсон, миллат, давлат ва оянда оғоз меёбад. Роҳбари давлат на танҳо давлати тоҷиконро аз фоҷиаи ҷанг ба соҳили сулҳ оварданд, балки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ба мактаби ибратомӯзи байналмилалӣ табдил доданд. Имрӯз ин мактаб аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён паём медиҳад, ки сулҳ танҳо орзу нест, балки роҳи наҷот, шарти бақо ва меъёри камолоти инсоният аст.
Ин ташаббус боз як бор нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳон на танҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлол, балки ҳамчун ҷумҳурии дорои андешаи созанда, сиёсати башардӯстона ва рисолати сулҳофарона шинохта шудааст. Миллате, ки худ аз дарди ҷанг гузаштааст, имрӯз ба башарият сулҳро ҳамчун амонати муқаддас пешниҳод мекунад. Давлате, ки рӯзҳои сахти фурӯпошӣ, нобоварӣ, муҳоҷират, гуруснагӣ, талафот ва ранҷи умумимиллиро дидааст, имрӯз аз минбари ҷаҳон сухан аз ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми инсон ва ҳифзи фардои фарзандони башар мегӯяд. Ин худ бузургтарин далели камолоти сиёсӣ ва маънавии миллати тоҷик аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббус бори дигар собит месозанд, ки роҳбарии воқеӣ танҳо идора кардани имрӯз нест. Роҳбарии воқеӣ сохтани фардост. Роҳбарии воқеӣ он аст, ки сиёсат аз доираи манфиатҳои муваққатӣ берун рафта, ба рисолати таърихӣ табдил ёбад. Роҳбарии воқеӣ он аст, ки сарвари давлат на танҳо дар бораи суботи имрӯза, балки дар бораи оромии кӯдаке андеша кунад, ки фардо ба дунё меояд. Роҳбарии воқеӣ он аст, ки сулҳ на ҳамчун шиор, балки ҳамчун фалсафаи давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ ва васияти ахлоқӣ ба наслҳои оянда пазируфта шавад.
Аз ин ҷост, ки ин ташаббус маънои хеле амиқтар аз як санади байналмилалӣ дорад. Он даъвати Тоҷикистон ба виҷдони башарият аст. Он хотиррасон мекунад, ки инсоният дар асри пешрафти илм, технология ва зеҳни сунъӣ набояд маънои одии инсон буданро фаромӯш кунад. Ин маъно дар сулҳ, дар раҳм, дар адолат, дар таҳаммул, дар эҳтиром ба ҳаёт ва дар масъулият дар назди фардо зоҳир мегардад. Агар ҷаҳон сулҳро ҳифз накунад, ҳеҷ дастоварди технологӣ наметавонад ҷойи ашки модар, хандаи кӯдак, оромии хонадон ва амнияти Ватанро бигирад.
Пас, ин ташаббуси Пешвои миллат на танҳо ифтихори Тоҷикистон, балки саҳми арзандаи миллати тоҷик дар тафаккури нави ҷаҳонӣ мебошад. Он ба инсоният мегӯяд, ки сулҳро бояд пеш аз оғози ҷанг ҳифз кард, эътимодро пеш аз шикастан нигоҳ дошт, инсонро пеш аз қурбон шудан қадр намуд ва ояндаро пеш аз торик гаштан равшан сохт. Фардое, ки бар пояи сулҳ, ваҳдат, адолат, хирад ва муҳаббат ба инсон бунёд мешавад, бузургтарин мерос барои наслҳои оянда хоҳад буд. Ва миллати тоҷик бо Пешвои худ имрӯз дар сохтани ҳамин фардои равшан саҳми таърихӣ мегузорад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академик








Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Таҷассум ва густариши сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат дар пасманзари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
35 СОЛИ ПУР АЗ ШАРАФ, ПИРӮЗӢ, ДАСТОВАРД ВА ИФТИХОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Истиқболи донишмандон ва табибони Эрон аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода: «Яке аз дастовардҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳё ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад»
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад






