Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки дар он 2677 нафар довталаб иштирок менамоянд. Даври дуюми озмун то 30 июн идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Аминзода иброз намуд, даври дуюми озмун дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт оғоз гардид.
Гуфта шуд, ки дар даври дуюми озмун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 320 нафар, вилояти Суғд 632 нафар, вилояти Хатлон 896 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 421 нафар ва шаҳри Душанбе 408 нафар довталаб иштирок менамоянд.
Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон маҳсуб мешавад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






