Минбаъд 12 декабр Рӯзи кормандони мақомоти аудити давлатӣ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 12 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти аудити давлатӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардида, 17 июн аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба имзо расид.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо назардошти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси «Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 декабри соли 2011 таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Бо назардошти дар шакли расмӣ рӯзи 12 декабр таъсис ёфтани Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 2 августи соли 2011 қабул гардидааст, бо мазмуни зерин: 12 декабр «Рӯзи кормандони мақомоти аудити давлатӣ» илова карда шавад.
Ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» барои пешбурди фаъолият ва таҷлили иди касбии мақоми олии аудити давлатӣ мусоидат намуда, таъмини сифати идоракунии фаъолияти Палатаи ҳисобро боз ҳам беҳтар мегардонад. Бояд гуфт, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, барои такмили он пешниҳодҳо омода менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






